Амороти Муттаҳидаи Араб дар Тоҷикистон мактаб месозад

Декабрь 14, 2021 14:10

ДУШАНБЕ, 14.12.2021. /АМИТ «Ховар»/.  Айни замон лоиҳаи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди хайриявӣ ва башардӯстонаи Зойид бин Султон ал-Наҳён оид ба сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияҳои Кӯшониён, Данғара ва Темурмалик ва инчунин харитаи ҷойгиршавии муассисаҳои мазкур таҳия гардида, дар мувофиқа қарор дорад. Ин нукта зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо муовини директори генералии Фонди хайриявӣ ва башардӯстонаи Зойид бин Султон ал-Наҳёни Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Доктор Иброҳим дар шаҳри Дубай баён гардид, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Вохӯрии мазкур 13 декабр дар доираи Саммити маориф барои ояндаи шукуфон ва устувор дар шаҳри Дубай доир гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи густариши ҳамкории ду кишвар дар соҳаи маориф, хусусан дар самти лоиҳаҳои сохтмони мактабҳо дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Дар назар аст, ки намояндагони Фонд дар фурсатҳои наздик ба Тоҷикистон омада, баъд аз имзои созишнома ба сохтмони мактабҳо дар ноҳияҳои номбаршуда санги асос гузоранд.

АКС: маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ

Декабрь 14, 2021 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд