«Ғанигардонии маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон, қадамҳои оянда». Таҳти чунин унвон ҷаласаи байнисоҳавӣ доир шуд

Декабрь 11, 2021 09:20

ДУШАНБЕ, 11.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳамоҳангсози байнисоҳавӣ оид ба Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ғанигардонии маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон, қадамҳои оянда» баргузор шуд, иттилоъ доданд аз Вазорати тандурустии мамлакат.

Дар ҷаласаи мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар кори ҷаласа доир ба нақшаи чорабиниҳои бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтар намудани ғизо дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, «Барномаи миллии пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027, Нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Барнома ва қадамҳои оянда барои татбиқи нақша муаррифӣ гардида, ҳамчунин натиҷаҳои баҳогузории ғанигардонии ғизо дар корхонаҳои бузурги ордбарории Тоҷикистон, ки дар ҳамкорӣ бо Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ гузаронида шудааст, баррасӣ гардиданд.

Зикр шуд, ки норасоии микронутриентҳо яке аз мушкилоти мубрами соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ мебошад ва он метавонад ба таваллуди кӯдакон бо нуқсонҳои модарзодӣ, паст шудани вазъи саломатии аҳолӣ, мушкилиҳо дар давраи ҳомила будани занон сабаб гардад. Дар пайи норасоии микронутриентҳо дар байни кӯдакон камвазнӣ, қадпастӣ ва ҳатто маъюбӣ мушоҳида мегардад. Ҳамин тавр иштирокчиён ба мувофиқа расиданд, ки гурӯҳи кории байнисоҳавӣ оид ба татбиқи Нақшаи чорабиниҳои бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтар намудани ғизо дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 таъсис дода шавад.

Таҷрибаи ғанигардонии маҳсулотҳои хӯрокворӣ барои баланд бардоштани сатҳи микроэлементҳои муҳим, аз қабили витаминҳо ва минералҳо дар маҳсулоти хӯрокворӣ барои беҳтар кардани сифати ғизо ва мустаҳкам намудани саломатии аҳолӣ мебошад. Ин тадбир дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯрокаи ғанишуда» роҳандозӣ гардида, ҳамин тавр истифодаи маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ба фароҳам овардани шароит барои бартарафсозии норасоии микронутриентӣ, пешгирӣ намудани бемориҳои гуногун ва фавти модару кӯдак, инчунин тақвияти дарозумрии инсон мусоидат менамояд.

Бояд гуфт, ки мушкилоти асосии норасоии микроэелементҳои зарурӣ -ин ақибмонии қадкашӣ, камбудии йод, камхунии модар ва кўдак мебошад, ки бо роҳи ташкили ғизои солим пешгирии бемориҳои вобаста ба ғизоро (бемориҳои алиментарӣ) таъмин намуда, масунияти баданро нисбат ба таъсири омилҳои номусоиди муҳити зист баланд менамояд ва ба инкишофи мӯътадили организми насли наврас таъсири мусбат мерасонад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» соли 2019 қабул гардида, мутобиқи моддаи 17 он орди гандумии навъи олӣ ва якум, хамирмояи нонпазӣ, маҳсулоти нонӣ ва қаннодӣ, шир ва маҳсулоти ширии туршмазза, аз ҷумла барои ғизои кўдакон пешбинӣ гардида, шарбат, шаҳди мева ва (ё) сабзавот, нӯшокиҳои мевагӣ ва (ё) сабзавотии шарбатдор, оби нӯшокии дар зарфҳо ҷойгиршуда ва нӯшокиҳои ғайримашруботӣ ва намаки ошӣ бояд ғанӣ гардонида шаванд. Ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ тавассути витаминҳо ва минералҳо ба амал бароварда мешавад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Декабрь 11, 2021 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд