Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон даҳ варзишгари беҳтарини соли 2021-ро эълон намуд

Декабрь 21, 2021 14:03

ДУШАНБЕ, 21.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон даҳ варзишгари беҳтарини солро муайян кард. Дар ин бора  раиси АЖРВТ Нарзулло Латипов, ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон  хабар дод.

Бар асоси натиҷагирии назархоҳии хабарнигорони варзишӣ ба даҳгонаи беҳтаринҳои сол намояндагони панҷ намуди варзиш – дзюдо  ва бокс (сенафарӣ), самбо (2 кас), гӯштини озод ва таэквондо ВТФ (якнафарӣ) — дохил шуданд.

Рӯйхати даҳгонаи беҳтарин варзишгарони сол:

Темур РАҲИМОВ (дзюдо) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни +100 кг дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон, медали нуқраи мусобиқаи «Тоскулоҳи бузург» («Baku Grand Slam 2021») дар шаҳри  Бокуи Озарбойҷон, медали биринҷии мусобиқаи «Abu Dhabi Grand Slam 2021»  дар шаҳри  Абу Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб, ғолиби Ҷоми президенти Тоҷикистон дар  шаҳри   Душанбе.

Акмалиддин КАРИМОВ (самбо) –барандаи медали тиллои  чемпионати ҷаҳон дар вазни 58 кг дар шаҳри  Тошканди Узбекистон, медали нуқраи Ҷоми президенти FIAS (Федератсияи байналмилалии самбо) дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, медали биринҷии Ҷоми ҷаҳон дар Москваи Русия.

Комроншоҳ УСТОПИРИЁН (дзюдо) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 90 кг дар шаҳри  Бишкеки Қирғизистон, медали нуқраи мусобиқаи «Тоскулоҳи бузург» («Abu Dhabi Grand Slam 2021») дар  шаҳри Абу Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб, ғолиби Ҷоми Президенти Тоҷикистон дар Душанбе.

Сомон МАҲМАДБЕКОВ (дзюдо) – барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё дар вазни 73 кг дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон.

Хушқадам ХУСРАВОВ (самбо) — барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон дар вазни 64 кг дар шаҳри Тошканди Узбекистон, ғолиби Ҷоми ҷаҳон дар Москваи Русия.

Далер РИЗОЗОДА (гӯштини юнониву румӣ) – барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё дар вазни 77 кг дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон.

Миҷгона САМАДОВА (бокс) — барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 57 кг дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, медали тиллои Ҷоми ҷаҳон дар Нижневартовски Русия.

Баҳодур УСМОНОВ (бокс) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 64 кг дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ.

Шаббос НЕЪМАТУЛЛОЕВ  (бокс) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 81 кг дар  шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ.

Моҳрӯ ҲАЛИМОВА (таэквондо ВТФ) — барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 67 кг дар шаҳри  Бейрути Лубнон.

Мавриди зикр аст, ки  варзишгарони шинохтаи тоҷик Темур Раҳимов дар намудҳои олимпӣ, Акмалиддин Каримов дар намудҳои ғайриолимпӣ варзишгарони беҳтарини сол дониста шуданд. Миҷгона Самадова миёни занон беҳтарин варзишгари сол эътироф гардид.

Ёдовар мешавем, ки «соли 2021 барои варзишгарони тоҷик соли имтиҳони ҷиддӣ буд. Даҳ варзишгари тоҷик дар  Олимпиадаи Токио ширкат карданд. Вале, мутаассифона, онҳо натавонистанд медал ба даст биёранд. Зимнан, аз байни кишварҳои собиқи Шӯравӣ ва Осиёи Марказӣ танҳо Ҷумҳурии  Тоҷикистон бе медал монд», — иброз дошт Нарзулло Латипов.

Декабрь 21, 2021 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Беҳтаринҳои Лигаи футзали Тоҷикистон дар мавсими 2025 муайян шуданд
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе муайян шуданд
МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР АСТ! Нақшаи баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон ва наврасон ифтитоҳ гардид
Имрӯз қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол оғоз мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Варзоб соли 2025 75 медали тилло ба даст оварданд
Дар деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар соли 2026 доир мегардад
Гулмуроди Саъдулло довари бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2025/26 таъйин шуд
Пагоҳ дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо оғоз меёбад
Қуръакашии бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол баргузор шуд