Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон даҳ варзишгари беҳтарини соли 2021-ро эълон намуд
ДУШАНБЕ, 21.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон даҳ варзишгари беҳтарини солро муайян кард. Дар ин бора раиси АЖРВТ Нарзулло Латипов, ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Бар асоси натиҷагирии назархоҳии хабарнигорони варзишӣ ба даҳгонаи беҳтаринҳои сол намояндагони панҷ намуди варзиш – дзюдо ва бокс (сенафарӣ), самбо (2 кас), гӯштини озод ва таэквондо ВТФ (якнафарӣ) — дохил шуданд.
Рӯйхати даҳгонаи беҳтарин варзишгарони сол:
Темур РАҲИМОВ (дзюдо) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни +100 кг дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон, медали нуқраи мусобиқаи «Тоскулоҳи бузург» («Baku Grand Slam 2021») дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон, медали биринҷии мусобиқаи «Abu Dhabi Grand Slam 2021» дар шаҳри Абу Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб, ғолиби Ҷоми президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.
Акмалиддин КАРИМОВ (самбо) –барандаи медали тиллои чемпионати ҷаҳон дар вазни 58 кг дар шаҳри Тошканди Узбекистон, медали нуқраи Ҷоми президенти FIAS (Федератсияи байналмилалии самбо) дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, медали биринҷии Ҷоми ҷаҳон дар Москваи Русия.
Комроншоҳ УСТОПИРИЁН (дзюдо) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 90 кг дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон, медали нуқраи мусобиқаи «Тоскулоҳи бузург» («Abu Dhabi Grand Slam 2021») дар шаҳри Абу Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб, ғолиби Ҷоми Президенти Тоҷикистон дар Душанбе.
Сомон МАҲМАДБЕКОВ (дзюдо) – барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё дар вазни 73 кг дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон.
Хушқадам ХУСРАВОВ (самбо) — барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон дар вазни 64 кг дар шаҳри Тошканди Узбекистон, ғолиби Ҷоми ҷаҳон дар Москваи Русия.
Далер РИЗОЗОДА (гӯштини юнониву румӣ) – барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё дар вазни 77 кг дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон.
Миҷгона САМАДОВА (бокс) — барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 57 кг дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, медали тиллои Ҷоми ҷаҳон дар Нижневартовски Русия.
Баҳодур УСМОНОВ (бокс) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 64 кг дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ.
Шаббос НЕЪМАТУЛЛОЕВ (бокс) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 81 кг дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ.
Моҳрӯ ҲАЛИМОВА (таэквондо ВТФ) — барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 67 кг дар шаҳри Бейрути Лубнон.
Мавриди зикр аст, ки варзишгарони шинохтаи тоҷик Темур Раҳимов дар намудҳои олимпӣ, Акмалиддин Каримов дар намудҳои ғайриолимпӣ варзишгарони беҳтарини сол дониста шуданд. Миҷгона Самадова миёни занон беҳтарин варзишгари сол эътироф гардид.
Ёдовар мешавем, ки «соли 2021 барои варзишгарони тоҷик соли имтиҳони ҷиддӣ буд. Даҳ варзишгари тоҷик дар Олимпиадаи Токио ширкат карданд. Вале, мутаассифона, онҳо натавонистанд медал ба даст биёранд. Зимнан, аз байни кишварҳои собиқи Шӯравӣ ва Осиёи Марказӣ танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон бе медал монд», — иброз дошт Нарзулло Латипов.








Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд






