Дар Бохтар роҳҳои алтернативии муосири ҳалли баҳсҳои тиҷоратиро мавриди омӯзиш қарор доданд
ДУШАНБЕ, 11.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтар дар мавзӯи «Роҳҳои алтернативии муосири ҳалли баҳсҳои тиҷоратӣ» машварати омӯзишӣ баргузор гардид, хабар доданд аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Машварати мазкур аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Агентии Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) ташкил карда шуда, мақсади асосии он ба доираҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон додани маълумот дар бораи фаъолияти Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ дар назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин пешниҳоди маълумоти кофӣ оид ба усулҳои мавҷудаи алтернативии ҳалли баҳсҳо, аз ҷумла, ҳалли пешакии баҳсҳо бо усули расмиёти мусолиҳа ва рушди институти медиатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Зикр шуд, ки дар машварат то 30 нафар соҳибкорони вилояти Хатлон ширкат варзида, дар доираи омӯзиши мазкур масъалаҳои «Рушди институти миёнаравӣ (расмиёти мусолиҳа- Медиатсия) дар Тоҷикистон», «Қонуни намунавии Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи савдои байналмилалӣ (UNCITRAL) оид ба арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» ва дигар мавзӯъҳоро мавриди муҳокима қарор доданд.
Иштироккунандагони машварат ахамияти татбиқи усулҳои алтернативии ҳалли баҳсҳои тиҷоратӣ ва сода кардани расмиёти маъмуриро зикр намуданд.
АКС: ПСС ҶТ








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






