Дар чор минтақаи вилояти Суғд ярмарка-фурӯши ангишт ҷараён дорад

Декабрь 24, 2021 09:23

 ДУШАНБЕ, 24.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ду рӯз аст, ки дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Истаравшан ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ярмарка-фурӯши ангишт доир гардида истодааст. 23 декабр дар микроноҳияи 34-и шаҳри Хуҷанд, назди саристгоҳи мусофиркашонии «Абрешим», инчунин дар шаҳрҳои Конибодому Истаравшан ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чунин ярмарка-фурӯши ангишт доир гардида, сокинон аз он бо нархи нисбатан арзонтар ангишт хариданд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии вилояти Суғд хабар медиҳад.

Тайи ду рӯз корхонаҳои истеҳсоли ангишти КФ Шахтаи «Фон-Яғноб», КФ «КА Зиддӣ», ҶСК «Ангишт» ва ғайраҳо дар ярмарка-фурӯши ангишт дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Истаравшан ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд маҳсулоти худро бо нархи хеле арзон- аз 70 дирам то 1 сомонӣ барои як кило пешниҳоди сокинон менамоянд.

Бояд зикр кард, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини талаботи аҳолии мамлакат бо ангишт дар давраи зимистони солҳои 2021-2022, инчунин ҷиҳати ба танзим даровардани нархи ин намуди маводи сӯхт дар бозори истеъмолӣ ярмарка-фурӯши ин маҳсулотро ба роҳ мондааст.

Чунин ярмаркаҳо имконият медиҳанд, ки сокинон барои сипарӣ намудани фасли зимистони имсола миқдори зарурии маводи сӯхтро бо нархи чанд маротиба арзон харидорӣ намуда, захира намоянд.

Ёдовар мешавем, ки ярмарка-фурӯши ангишт имрӯз низ идома меёбад.

АКС: МИҲД-и в. Суғд

Декабрь 24, 2021 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид