Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир мешавад
ДУШАНБЕ, 01.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 15 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.
Тибқи ҷадвали баргузории озмун, аз 2 то 5 декабр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, 6-7 декабр донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 7 декабр аспирантону докторантон ва ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ вобаста ба номинаҳои озмун иштирок мекунанд, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Инчунин 8-10 декабр омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун аз рӯи номинаҳои озмун ширкат варзида, номинаи назму наср 11-12 декабр ва довталабони Шоҳҷоиза 13 декабр муайян мегарданд. 15 декабр маросими ҷоизасупории озмуни мазкур дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021 миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илмӣ), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) доир мегардад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар сар то сари кишвар ҳамовозии махсус касб карда, теъдоди иштирокчиёни он низ пайваста меафзояд.
Тазаккур дода шуд, ки дар даври якум, ки дар маҳалҳо, ҷамоатҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар ташкилот баргузор гардид, 305495 нафар, дар даври дуюм, ки дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо доир гардид, 23045 нафар ва дар даври сеюм, ки дар марказҳои вилоятҳо баргузор гардид, 2981 нафар иштирок намуданд.
Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 510 нафар довталаб иштирок ва ҳунарнамоӣ менамоянд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






