Дар Душанбе Конгресси шашуми КАФА баргузор гардид

Декабрь 17, 2021 08:14

ДУШАНБЕ, 17.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16  декабр дар шаҳри Душанбе Конгресси шашуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Кори Конгресс бо суханронии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ оғоз ёфт. Зимни суханронӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ иброз доштанд, ки «соли 2021 барои ташкилот соли назаррас буд, зеро бо пушти сар гузоштани мушкилоти пандемия тавонистем мусобиқаҳо баргузор намуда, тавонмандии футболи Осиёи Марказиро барқарор созем».

Дар ҷаласа намояндагони ассотсиатсия, федератсия ва иттиҳодияҳои футболи кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон иштирок ва намояндагони Туркманистон ба таври онлайн ҳузур доштанд.

Инчунин дар кори конгресс Меҳдии Тоҷ — ноиб-президенти Конфедератсияи футболи Осиё низ ба намояндагӣ аз ин ташкилот иштирок дошт. Дар ҷараёни он котиби генералии ин ташкилот Улуғбек Каримов дар хусуси мусобиқаҳои баргузоршуда дар соли ҳисоботӣ гузориш дода, иброз намуд, ки бо вуҷуди мушкилоти пандемия КАФА тавонист мусобиқаҳоро миёни наврасон, ҷавонон ва бонувон бомуваффақият баргузор намояд.

Дар идома яке аз мавзӯъҳои асосии конгресс — тасдиқи буҷаи молии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ барои соли 2022  мавриди баррасӣ қарор гирифта, тариқи овоздиҳии умумӣ қабул гардид.

АКСҲО: ФФТ

Декабрь 17, 2021 08:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи «CAFA Nations Сup 2025» иштирок мекунад
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ оид ба волейбол байни духтарони то 16-сола баргузор мегардад
Конфедератсияи футболи Осиё тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзалро тасдиқ намуд
ФУТБОЛ. Пагоҳ дар Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занона дар гурӯҳи «H» оғоз мешавад
Рақибони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маълум шуданд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дӯстона боз бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб ғалаба кард
ФУТБОЛ. Фонди ҷоизавии мусобиқаи «Ҷоми Ҷавонӣ-2025» 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад