Дар Душанбе мулоқоти намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт бо фаъолон доир гардид

Декабрь 7, 2021 08:53

ДУШАНБЕ, 7.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Пешрафти босуботи давлат ва ҷомеа, пеш аз ҳама, ба таъмини амният, волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ  ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асос меёбад. Ин нуктаро дирӯз муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ дар мулоқоти намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт бо фаъолон, ки дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев баргузор гардид, баён дошт.

Мавсуф иброз дошт, ки таҳлили вазъи чинояткорӣ нишон медиҳад, ки шумораи умумии ҷиноятҳои бақайдгирифташуда дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба 4 ҳазору 764 адад ва дар 9 моҳи соли 2021 ба 3552 адад баробар гардидааст, ки мутаносибан нисбат ба соли 2019 182 адад ва 9 моҳи соли 2020  343 адад кам аст.

Зикр шуд, ки бештари ин ҷиноятҳоро дар шаҳр дуздӣ, қаллобӣ, авбошӣ, тайёр намудан ва фурӯши маводи нашъаовар ташкил медиҳанд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе тазаккур дод, ки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳо дар ин самт фаъолиятро ҷоннок намуда, барои аз  байн бурдани омилҳои иҷтимоӣ пайваста чораҷӯӣ менамоянд.

Мулоқоти мазкур бо ташаббуси мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Мақсад аз баргузории мулоқот татбиқи босамари бандҳои Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2020 тасдиқ шудааст, инчунин таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба баланд бардоштани одоби шаҳрнишинӣ ва маърифати ҳуқуқи шаҳрвандон, баррасии сатҳи ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ, шомилгардии наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои пешгирӣ ва профилактикӣ, ҳамчунин таъмини амнияту тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон маҳсуб меёбад.

Дар мулоқот кормандони масъули сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла занон, ҷавонон, варзишгарон, ходимони дин, раисони шаҳраку маҳаллаҳо, кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, фаъолону намояндагони марбутаи корҳои дохилӣ, прокуратура, суд, амният ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот иштирок намуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе масъалаҳои таъмини зиндагии сазовор барои ҳар сокини пойтахт, ғамхории васеъ нисбат ба ҳар қишри ҷомеа ва риояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар сокини пойтахтро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати ҳалли онҳо тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намуда истодааст.

Сардори шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Бозоралӣ Сафарализода иброз дошт, ки пешгирии нашъамандӣ дар баробари мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи коҳиши талабот ба маводи мухаддир маҳсуб мешавад.

«Солҳои охир сатҳи нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ коҳиш ёфта, дар нуҳ моҳи соли равон тибқи ҳисоботи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат 4 ҳазору 840 нафар нашъаманд ба қайд гирифта шудаанд. Ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли 2017  207 нафар кам мебошад»,- афзуд ӯ.

Ба зикри Бозоралӣ Сафарализода, дар самти коҳш додани ин омил раисони маҳаллаҳо, нозирони минтақавӣ, имомхатибони масҷидони ҷомеъ, шахсони фаъоли маҳалла бо мардум дар хусуси даст назадан ба маводи мухаддир корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҷиҳати фалокатбор будани оқибатҳои он маълумоти онҳоро бояд баланд бардоранд.

Дар ҳамоиш ҳамзамон роҳбарияти раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе, Комиссариати  ҳарбии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он перомуни баланд бардоштани одоби шаҳрнишинӣ ва пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ, нашъамандӣ, терроризму ифротгароӣ миёни сокинони пойтахт, муноқишаҳои гурӯҳӣ миёни наврасону ҷавонон, дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳанг ба камол расонидани насл наврас, чалби ҷавонони синни даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ, омодабошии ҷавонон ба ҳимояи марзу буми кишвар ва тақвияти фаъолияти дастаҷамъонаю аҳлона ҷиҳати боз ҳам сарсабзу обод гардонидани диёр, анҷом додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, сулҳу суботи кишвар сухан гуфтанд.

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳир САИД,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Декабрь 7, 2021 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои Душанбе озмунҳои «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд – боғи падару модар» гузаронида шуданд
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ оғоз гардид
Доир ба муқовимат ба коррупсия чун кафили рушди соҳаи маориф конференсия баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар Душанбе Марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дар шаҳри Душанбе 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад
Соли 2025 ба шаҳри Душанбе беш аз 450 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Ба шаҳри Душанбе зиёда аз 11 ҳазор электромобил ворид карда шудааст
Соли 2025 дар шаҳри Душанбе 16 муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ҳудуди шаҳри Душанбе сохтмони 7 эстакадаи нав оғоз меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Сино сохтмон ва навсозии 279 иншоот ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корхонаҳои саноатии ноҳияи Фирдавсӣ ба маблағи зиёда аз 882 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар мусобиқаҳо соҳиби 1620 медал шуданд