Дар Душанбе стратегияи нави тиҷоратии «Бонки Эсхата» муаррифӣ шуд

Декабрь 3, 2021 13:57

ДУШАНБЕ, 03.12.2021/АМИТ «Ховар»/. «Бонки Эсхата» ба дигаргунсозии усули  тиҷорати худ  шурӯъ намуда, саъй дорад, то ба  муассисаи  пешбари молиявӣ  ва навовар дар соҳаи хизматрасонии бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёбад. Ин нуктаро  Раиси Раёсати  Ҷамъияти саҳомии кушодаи /ҶСК/«Бонки Эсхата» Райнер Мюллер — Ханке дар ҳамоише, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони  «Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо» доир гардид, зикр намуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА иттилоъ медиҳад, ки конфронс  ба ифтихори 27-солагии таъсиси ҶСК «Бонки Эсхата» созмон дода шуда, ҳадафаш муаррифии дастовардҳо ва дурнамои рушди фаъолияти «Бонки Эсхата» дар шароити рақмикунонии иқтисодиёти кишвар мебошад. Дар конфронс беш аз сад нафар намояндагони сохторҳои давлатӣ, доираҳои тиҷоратӣ, шарикони «Бонки Эсхата», созмонҳои бонкӣ  ва молиявӣ, намояндагони расонаҳои хабарӣ ва мизоҷон иштирок намуданд.

Дар назди иштирокдорони ҳамоиш Раиси Раёсати  ҶСК «Бонки Эсхата» Райнер Мюллер – Ханке, директор оид ба рушди тиҷорати ҶСК «Бонки Эсхата» Носир Орипов ва сардори Департаменти  корпоративӣ  ва миёнаи ҶСК «Бонки Эсхата» Умарҷон Умаров доир ба таърихи таъсис ва рушди бонк, рисолат ва арзишҳои нави бонк,  хизматрасониҳои анъанавӣ ва рақамӣ, нишондиҳандаҳои молиявӣ ва тиҷоратӣ, нишондиҳандаҳои калидӣ ва дастовардҳо, усули нави хизматрасонӣ ба мизоҷони тиҷоратӣ, «Эсхата бизнес» — имконияти нав барои  истифодабарандагони  Интернет-бонк, барномаҳои грантӣ барои маблағгузории соҳаҳои  самараноки барқ ва истеҳсолоти экологӣ, маблағгузории  тиҷоратии мизоҷон ва барномаҳои байниҳукуматии  «Бонки Эсхата», рушди тиҷорати  кортӣ ва дигар паҳлуҳои фаъолияти «Бонки Эсхата» маълумот доданд.

Зикр шуд, ки ҶСК «Бонки Эсхата» 27 сол муқаддам, аниқтараш соли 1994 таъсис дода шуда,  саҳмдорони бонк шахсони воқеӣ-резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд /БАТР/ мебошанд. Зимни фаъолияти 27-сола «Бонки Эсхата» худро дар бозори бонкии Тоҷикистон ҳамчун шарики боътимоди рушд ва муаррифӣ намудааст. Имрӯз «Бонки Эсхата» дар бозори бонкии  кишвар бонки низомсоз буда,  маҷмӯи пурраи  хизматрасониҳои молиявии  дар таҷрибаи  ҷаҳонӣ қабулшударо  пешниҳод менамояд. Таъкид шуд, ки  фаъолияти устувори молиявии бонк  бо рейтинги навбатии «B3» ҳамчун бонки устувор аз агентии мустақили рейтингии «Modys investors Service» тасдиқ гардидааст.

Гуфта шуд, ки ҳадафҳои стратегии бонк  ба баланд бардоштани  сифати хизматрасонӣ  ба мизоҷони чакана ва соҳибкории хурду миёна, маҷмӯи хизматрасониҳо, табдил додани хизматрасониҳои  чакана ба  филиалҳои инноватсионӣ ва рушди шабакаҳои  рақамии бонк, инчунин ба баланд бардоштани самаранокии тиҷорат нигаронида шудааст.

Тавре директор оид ба рушди тиҷорати ҶСК «Бонки Эсхата» Носир Орипов иброз дошт: «Бо шарофати ҳамкории мутақобилан судманд  бо мизоҷон ва шарикон имрӯз «Бонки Эсхата»  ягона бонк дар Тоҷикистон мебошад, ки  маҷмӯи пурраи хизматрасониҳои  молиявии  дар таҷрибаи ҷаҳонӣ қабулшударо ироа менамояд. Бо вуҷуди таъсири пандемияи COVID-19 ба иқтисоди ҷаҳон «Бонки Эсхата» нишондиҳандаҳои молиявиявиашро афзоиш ва мавқеашро  дар бозор нигоҳ дошт. Ҳамзамон Бонк ба сегонаи калони  муассисаҳои  молиявии пешрафтаи  Тоҷикистон шомил гардидааст”.

Зимни муаррифии фаъолияти «Бонки Эсхата» дар соли равон гуфта шуд, ки  дар нуҳ моҳи соли 2021  нишондиҳандаҳои молиявии бонк афзоиш ёфта, дороиҳои бонк 2 993 миллиард сомониро ташкил дод, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,4 фоиз афзоиш ёфтааст. Сармояи «Бонки Эсхата» 497,9 миллион сомониро ташкил  медиҳад, ки  10,8 фоиз зиёд мебошад. Фоидаи бонк  беш аз 116 миллион сомониро ташкил дода, беш аз 70 фоиз афзоиш ёфтааст.

Сандуқи қарзии бонк 1898,1 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  қариб 30 фоиз афзудааст.  Сандуқи амонатӣ 1307,5 миллион сомониро ташкил дода, дар қиёс ба соли 2020  беш аз 15 фоиз афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон  аз аввали соли равон шумораи мизоҷони фаъоли чаканаи «Бонки Эсхата» 22 фоиз афзуда, 553 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.  Теъдоди истифодабарандагони  бонки мобилии «Эсхата онлайн» марзи   ним миллион  нафарро убур намуд, ки дар қиёс ба соли гузашта 277 фоиз бештар аст.  Дар посух ба саволҳои иштирокдорони конфронс директор оид ба рушди тиҷорати ҶСК «Бонки Эсхата» Носир Орипов гуфт, ки алҳол «Бонки Эсхата», ки идораи марказиаш дар Хуҷанд аст, дар саросари ҷумҳурӣ 175 филиал ва намояндагӣ дошта, дар онҳо беш аз ду ҳазор корманд ба мизоҷон ва аҳолии мамлакат хизмат мерасонанд, ки 60 фоизи кормандонро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд. Шиори  бонк «Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо» мебошад.

Носир Орипов  консепсияи вебсайти нави  «Бонки Эсхата»-ро муаррифӣ намуда, гуфт, ки бонк корҳоро оид ба  таҷдиди дизайн  ва вазифаҳои сомона  анҷом дод, ки ояндаи наздик  дастрас хоҳад шуд.  Вебсайти нав  як роҳнамои қулайи бонкӣ барои мизоҷон бо мақсади  ба даст овардани маълумот дар бораи  хизматрасонӣ ва  фаъолияти бонк, инчунин харидани маҳсулот ва хизматрасониҳо дар сиғаи   рақамӣ мегардад.

Баргузории конфронс таҳти унвони  «Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо» дар Душанбе дар ҳолест, ки 4 декабр Рӯзи байналмилалии бонкҳо (International Day of Banks) таҷлил мегардад. Рӯзи байналамилалии бонкҳо моҳи декабри соли 2019  ба рӯйхати Рӯзҳои ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ ва санаҳои фаромӯшнашаванда  ворид гардидааст. Ин сана ҳамасола 4 декабр аз рӯзи қабули қатъномаи дахлдори СММ 74/245 таҷлил мешавад. Маҷмаи Умумии СММ бо муқаррар намудани ин сана эътирофи саҳми назарраси якчанд  сохторҳои бонкиро дар татбиқи Барномаи рушди устувор то соли 2030 таъкид намуд.

СММ таъсиси Рӯзи ҷаҳонии бонкҳоро на танҳо саҳми бонкҳо дар беҳтар кардани сатҳу шароити зиндагии мардум, балки як иқтидори бузурги ҳалли минбаъдаи вазифаҳои муҳимтарини миқёси ҷаҳонӣ эътироф менамояд. Яке аз муҳимтарин вазифаҳои татбиқи Барномаи рушди устувор мубориза бо камбизоатӣ дар ҳама шаклҳои зуҳури он буд ва боқӣ мемонад. Дар ин самт иштироки сохторҳои бонкӣ нақши калидӣ  мебозад. Дар баробари камбизоатӣ яке аз мушкилоти ҷаҳонӣ нобаробарии иҷтимоӣ, моликият ва мушкилоти дорои хусусияти экологӣ мебошад. Ҳалли ин проблемаҳо ва бартараф намудани онҳо муҳим буда, СММ таваҷҷуҳи бонкҳоро ба он ҷалб мекунад, ки сармоягузории маблағ дар чунин тарҳҳои дарозмуддат хеле муҳим ва зарур мебошад.

                               Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

                                                       АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Декабрь 3, 2021 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири энергетика ва захираҳои об: «Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ дар соли равон афзудааст»
Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе даъват гардиданд
«ПОМИРИНВЕСТ – 2024». Дар давоми ду соли баргузории ин Форуми байналмилалӣ ба иқтисоди ВМКБ беш аз 2 миллиард сомонӣ сармоя ворид гардид
Имрӯз дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии «Помиринвест -2024» оғоз гардид
Дар Душанбе вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди бозори коғазҳои қиматнок баррасӣ шуд
Барои сохтмони НБО-и «Себзор» аз ҷониби Бонки Олмонии рушд беш аз 44 миллион евро грант ҷудо мегардад
Дар Душанбе мулоқоти намояндагони ширкатҳои дорусозии Ҳиндустон бо соҳибкорони тоҷик баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0. 1245 то 0.1250 сомонӣ сомонӣ муқаррар шудааст
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид нишасти Гурӯҳи дӯстони пиряхҳо баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар соҳаи энергетика 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ мешавад
То охири соли равон 900 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барқарор мегардад
Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон беш аз 131 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот намудааст