Дар Хатлон Конфронси 8-уми ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид

Декабрь 1, 2021 10:47

ДУШАНБЕ, 01.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 30 ноябр дар вилояти Хатлон Конфронси  8-уми ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид, ки дар он дар мавзӯъҳои «Рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи кишоварзӣ, саноат, логистика ва иқтисоди рақамӣ», «Минтақаҳои Тоҷикистон ва Русия: ҷавонон ва ҷанбаҳои таълимии ҳамкорӣ», ва «Рушди ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия: роҳҳои ҳалли шаҳрӣ» суҳбатҳои «мизи гирд» доир шуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Пеш аз оғози кори конфронс дар майдони Қасри фарҳанг намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили  либосҳои миллӣ, ашёи дастсохти ошхона, бозичаҳои аз гил сохташуда, асбоби мусиқӣ ва маҳсулоти нонҳои суннатӣ доир гардид.

Дар кори конфронс намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои ду кишвар, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъулон иштирок намуданд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар назди иштирокдорони ҳамоиш зикр дошт, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия дӯстона буда, конфронси имрӯза минбари хуби муколама мебошад.

Яке аз мавзӯъҳои мавриди суҳбат -ин таъсиси низоми «Шаҳри ҳушманд» буд. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 7 майи соли 2019 лоиҳаи «Шаҳри ҳушманд» роҳандозӣ гардид, ки ба беҳбуди шароити зиндагии шаҳрвандон нигаронида шудааст. Бо ёрии он шумо метавонед якчанд вазифаҳои марбут ба экология, тиб, бехатарӣ, нақлиёт ва маорифро иҷро кунед. Он инчунин метавонад барои такмил додани инфраструктураи шаҳрҳо, таъмини амнияти шаҳрвандӣ ва назорати тартиботи ҷамъиятӣ дар кӯчаҳо, боғҳо ва майдонҳо истифода шавад.

Намояндагони ҷониби Русия ба бунёди лоиҳаи мазкур таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, омодагии худро барои дастгирии татбиқи «Шаҳри ҳушманд» иброз доштанд.

Иштирокчиёни конфронс дар бораи рушди гардиши савдои ду кишвар, таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни шаҳру вилоятҳои Русияву Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар самти таҷдиди иқтисод ва таҳкими иқтидори инноватсионӣ ва ғайра маърӯзаву суҳбат намуданд.

Дар конфронс гуфта шуд, ки соли оянда дар панҷ мактаби русӣ, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ сохта мешаванд, 6 ҳазор кӯдаки тоҷик метавонанд таҳсил намоянд.

АКСҲО аз шуъбаи итттилоотию таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Декабрь 1, 2021 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд