Дар Хатлон масъалаи иҷрои барномаи ғизои мактабӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 9.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ бо намояндаи Барномаи озуқаи ҷаҳонии СММ ва стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то солҳои 2027 Атҳам Мусаллам вохӯрӣ намуд. Ҷонибҳо баҳри беҳтар намудани иҷрои барнома ва таъмини ғизои мактабӣ табодули афкор намуданд, иттилоъ доданд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Зикр шуд, ки ҳадафи барнома аз рушди ғизои мактабӣ барои расонидани кумак ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ иборат аст.
Зимни вохӯрӣ зикр шуд, ки дар вилоят 35 муассисаи пилотӣ таъмиру тармим шуда, бо таҷҳизоту дигар маводи зарурии ошхона таъмин карда шудаанд. Давоми соли 2021 40 фисади лавозимоти ошхона, аз ҷумла зарфҳои хӯрокхӯрӣ ва чойнӯшӣ иваз гардиданд.
Дар айни замон аз рӯи лоиҳа 41 микрогрантҳои хурд барои бунёди сохтмони гармхона, таъсиси боғҳои мевадиҳанда, заргӯшпарварӣ, мурғпарварӣ ба хотири ғанӣ гардонидани хӯроки мактаббачагон дар назди муассисаҳои таълимӣ оғоз гардида, дар ин баробар бунёди ин лоиҳаҳо аз ҷониби кумитаи падару модарон, ки дар назди муассисаҳои таълимӣ фаъолият менамоянд, дастгирӣ карда мешаванд.
Аз 767 муассисаҳое, ки шомили Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, 469 муассиса дорои 278 гектар замини ёрирасон буда, аз онҳо 158 гектарро заминҳои обӣ ва 120 гектарро заминҳои лалмӣ ташкил медиҳанд.
АКС: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст






