Дар хоҷагиҳои деҳоти Кӯлоб заминҳоро аз шудгори хушсифат бароварда, ғалладонагӣ мекоранд
КӮЛОБ, 12.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Деҳқонони хоҷагиҳои Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб то имрӯз беш аз 80 фоизи нақшаи дурнамои кишти зироати тирамоҳиро анҷом додаанд. Дар дигар ҷамоатҳои деҳот низ кишоварзон баъди ҷамъоварии ҳосили маҳсулоти парварида заминҳоро нарм намуда, ғалладонагӣ ва сабзавот мекоранд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Дар чунин рӯзҳои мусоид гузаронидани корҳои саҳроӣ мувофиқи мақсад мебошад, мегӯянд мутахассисон. Тавре сардори раёсати кишоварзии шаҳри Кӯлоб Дилшоди Давлаталӣ иттилоъ дод, айни замон кишоварзон аз тамоми техникаи мавҷуда истифода бурда, ба маъракаи шудгору кишти тирамоҳӣ вусъат бахшидаанд ва мақсад доранд, ки рӯзҳои наздик нақшаи дурнамои кишти тирамоҳиро бо сифати баланд анҷом диҳанд.
Дар ин рӯзҳо кишоварзони мамлакат бо истифода аз техникаҳои муосири кишоварзӣ, мошинолот ва дастрасӣ ба тухмиҳои хушсифати ба шароити иқлими минтақаҳо мутобиқ дар асоси тавсияи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ба шудгору кишти ғалладонагӣ ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ вусъат бахшида истодаанд. Хусусан дар деҳоти Кӯлоб хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ ва кооперативҳои истеҳсолӣ ҳамарӯза даҳҳо гектар заминҳоро аз шудгори хушсифат бароварда, ғалладонагӣ мекоранд.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад






