Дар хоҷагиҳои деҳоти Кӯлоб заминҳоро аз шудгори хушсифат бароварда, ғалладонагӣ мекоранд

Декабрь 12, 2021 08:22

КӮЛОБ, 12.12.2021  /АМИТ «Ховар»/. Деҳқонони хоҷагиҳои Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб то имрӯз беш аз 80 фоизи нақшаи дурнамои кишти зироати тирамоҳиро анҷом додаанд. Дар дигар ҷамоатҳои деҳот низ кишоварзон баъди ҷамъоварии ҳосили маҳсулоти парварида заминҳоро нарм намуда, ғалладонагӣ ва сабзавот мекоранд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Дар чунин рӯзҳои мусоид гузаронидани корҳои саҳроӣ  мувофиқи мақсад мебошад, мегӯянд мутахассисон. Тавре сардори раёсати кишоварзии шаҳри Кӯлоб Дилшоди Давлаталӣ иттилоъ дод,  айни замон кишоварзон аз тамоми техникаи мавҷуда истифода бурда, ба маъракаи шудгору кишти тирамоҳӣ вусъат бахшидаанд ва мақсад доранд, ки рӯзҳои наздик нақшаи дурнамои кишти тирамоҳиро бо сифати баланд анҷом диҳанд.

Дар ин рӯзҳо кишоварзони мамлакат бо истифода аз техникаҳои муосири кишоварзӣ, мошинолот ва дастрасӣ ба тухмиҳои хушсифати ба шароити иқлими минтақаҳо мутобиқ дар асоси тавсияи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ба шудгору кишти ғалладонагӣ ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ вусъат бахшида истодаанд. Хусусан дар деҳоти Кӯлоб хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ ва кооперативҳои истеҳсолӣ ҳамарӯза даҳҳо гектар заминҳоро аз шудгори хушсифат бароварда, ғалладонагӣ мекоранд.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 12, 2021 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд