ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ. Ҳукумати ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо БРСММ оид ба рушди малакаи касбии ҷавонон ва пешбурди инноватсия дар Тоҷикистон лоиҳаи нав оғоз менамояд

Декабрь 23, 2021 13:07

ДУШАНБЕ, 23.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Тоҷикистон ба технологияҳои нав дар донишгоҳҳо диққати хосса медиҳад. Ҳукумати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Барномаи рушди СММ (БРСММ) ва дастгирии молиявии Русия дар ҳаҷми 2 млн доллар лоиҳаи наверо дар самти «Такмилёбии имкониятҳои ҷавонон ба воситаи малакаҳои касбӣ ва пешбурди иннотвастия дар Тоҷикистон»  барои ҷавонон оғоз менамояд.

«Мо аз 1 январи соли 2022 ташаббуси нав оғоз мекунем, ки Русия барои татбиқи он 2 миллион доллар ҷудо хоҳад намуд»,-зикр намуд дирӯз, 22 декабр Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов зимни нишасти кумитаи роҳбарикунандаи Русия ва БРСММ (ибораи ТАСС). Ба гуфтаи ӯ, ин лоиҳа бояд ҷавонони фаъоли Тоҷикистонро, ки хоҳиши баланд бурдани малакаву фаъолияти касбии худро доранд  фаро гирад.

«Дар якҷоягӣ бо БРСММ дар нақша аст, ки 350 ҷойи нави кории мутобиқ ба талаботи муосири бозори меҳнат ташкил дода шавад», — гуфт дипломат.

Намояндаи БРСММ Фирӯз Саидхоҷаев зимни муаррифии лоиҳа ба иштирокдорони вохӯрӣ оид ба марҳилаҳои татбиқи он, фарогирии минтақавӣ бо таваҷҷуҳ ба деҳоти дурдаст буданашон, таҷҳизонидани якчанд муассисаҳои таълимии касбӣ-техникӣ ва баргузории курсҳои омӯзишӣ маълумот дод. Тибқи маълумоти ӯ, лоиҳа барои 4 сол ба ҳисоб гирифта шуда, соли 2025 ба анҷом хоҳад расид.

Дар нишаст муовини Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Хуршеда Қодирӣ, намояндагони БРСММ ва ВАО иштирок доштанд.

Қобили зикр аст, ки лоиҳаи нав дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки 21 декабри соли равон ироа шуд, оғоз ва амалӣ мегардад. Дар Паёми навбатӣ, тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод,  диққати аввалиндараҷа ба масъалаи таҳсили ҷавонон ва баланд бардоштани малакаву маҳорати онҳо дар шароити рушди технологияҳои рақамӣ дода шудааст.

«Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем,-иброз доштанд Сарвари давлат.- Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад».

Ба гуфтаи Сарвари давлат, бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Дар робита ба ин, ба Вазорати маориф ва илм супориш дода мешавад, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намояд.

Вазорати маориф ва илм ҳамчунин вазифадор карда мешавад, ки вобаста ба талаботи рӯз ва рушди технологияҳои иттилоотии муосир лоиҳаи консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамиро таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Декабрь 23, 2021 13:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»