ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ. Ҳукумати ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо БРСММ оид ба рушди малакаи касбии ҷавонон ва пешбурди инноватсия дар Тоҷикистон лоиҳаи нав оғоз менамояд
ДУШАНБЕ, 23.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Тоҷикистон ба технологияҳои нав дар донишгоҳҳо диққати хосса медиҳад. Ҳукумати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Барномаи рушди СММ (БРСММ) ва дастгирии молиявии Русия дар ҳаҷми 2 млн доллар лоиҳаи наверо дар самти «Такмилёбии имкониятҳои ҷавонон ба воситаи малакаҳои касбӣ ва пешбурди иннотвастия дар Тоҷикистон» барои ҷавонон оғоз менамояд.
«Мо аз 1 январи соли 2022 ташаббуси нав оғоз мекунем, ки Русия барои татбиқи он 2 миллион доллар ҷудо хоҳад намуд»,-зикр намуд дирӯз, 22 декабр Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов зимни нишасти кумитаи роҳбарикунандаи Русия ва БРСММ (ибораи ТАСС). Ба гуфтаи ӯ, ин лоиҳа бояд ҷавонони фаъоли Тоҷикистонро, ки хоҳиши баланд бурдани малакаву фаъолияти касбии худро доранд фаро гирад.
«Дар якҷоягӣ бо БРСММ дар нақша аст, ки 350 ҷойи нави кории мутобиқ ба талаботи муосири бозори меҳнат ташкил дода шавад», — гуфт дипломат.
Намояндаи БРСММ Фирӯз Саидхоҷаев зимни муаррифии лоиҳа ба иштирокдорони вохӯрӣ оид ба марҳилаҳои татбиқи он, фарогирии минтақавӣ бо таваҷҷуҳ ба деҳоти дурдаст буданашон, таҷҳизонидани якчанд муассисаҳои таълимии касбӣ-техникӣ ва баргузории курсҳои омӯзишӣ маълумот дод. Тибқи маълумоти ӯ, лоиҳа барои 4 сол ба ҳисоб гирифта шуда, соли 2025 ба анҷом хоҳад расид.
Дар нишаст муовини Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Хуршеда Қодирӣ, намояндагони БРСММ ва ВАО иштирок доштанд.
Қобили зикр аст, ки лоиҳаи нав дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки 21 декабри соли равон ироа шуд, оғоз ва амалӣ мегардад. Дар Паёми навбатӣ, тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, диққати аввалиндараҷа ба масъалаи таҳсили ҷавонон ва баланд бардоштани малакаву маҳорати онҳо дар шароити рушди технологияҳои рақамӣ дода шудааст.
«Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем,-иброз доштанд Сарвари давлат.- Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад».
Ба гуфтаи Сарвари давлат, бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Дар робита ба ин, ба Вазорати маориф ва илм супориш дода мешавад, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намояд.
Вазорати маориф ва илм ҳамчунин вазифадор карда мешавад, ки вобаста ба талаботи рӯз ва рушди технологияҳои иттилоотии муосир лоиҳаи консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамиро таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






