Дар Покистон китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба забони урду нашр ва муаррифӣ гардид

Декабрь 23, 2021 13:06

ДУШАНБЕ, 23.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Покистон 22 декабр муаррифии нашри китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба забони урду баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷамъомад бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Покистон дар ҳамкорӣ бо Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегии Исломобод доир гардид.

Сафири Тоҷикистон дар Покистон Исматулло Насредин ба ҳозирин маълумоти мухтасарро оид ба китоб пешкаш намуда, иброз  кард, ки нашри урдуи китоб баъд аз нашрҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, арабӣ, чинӣ, форсӣ ва фаронсавӣ ба чоп расидааст.

Дар ҷамъомад Вазири федералӣ оид ба масъалаҳои парламентӣ/Мушовири Сарвазири Покистон Зоҳируддин Бабар Аван иштирок намуда, суханронӣ кард.

Вазири федералӣ дар робита ба дастовардҳои арзандаи Роҳбари давлати Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати дохиливу хориҷӣ ва нуфузи ӯ дар минтақа ва ҷаҳон махсусан зикр намуд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки тарҷумаи китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» зери муаллифии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забони урду туҳфаи арзанда бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон мебошад.

Миқдори муайяни нусхаҳои китоб ба Китобхонаи миллии Покистон тақдим карда шуданд, ки ин барои дастрасии китоб ба доираи васеи хонандагон имконият фароҳам меоварад.

АКСҲО: ВКХ Тоҷикистон

Декабрь 23, 2021 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд