Дар рӯзи нахустини Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» лаҳни шевои кӯдакон ҳакамонро ба ҳайрат овард

Декабрь 2, 2021 16:49

ДУШАНБЕ, 02.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардида, дар ин лаҳзаҳо бо ҷӯшу хурӯши тоза ҷараён дорад. Дар номинаи адабиёти бачагона, ки бештар кӯдакону наврасон иштирок мекунанд, лаҳни шевову шакарбори ин ғунҷаҳои умеди меҳан аъзои ҳакамон ва иштирокчиёну тамошобинонро ба ҳайрат мегузорад. Новобаста аз синну сол духтарону писарони 7-9-сола бо донишҳои андӯхтаи хеш ба суолҳои ҳакамон посухҳои мушаххас медиҳанд. Як ҷолибият ва шавқмандии ин номина дар он аст, ки хурдсолон бо лаҳни зебои кӯдакона тамошобинро ба худ ҷалбу  ҷараёни озмунро рангинтар месозанд.

Саодат Абдураззоқова аз аввалинҳое буд, ки дар номинаи адабиёти бачагона дар назди доварон баромад намуд. Ӯ 8 сол дорад ва хонандаи мактаби миёна аз шаҳри Ҳисор мебошад. Аз пешниҳоди суоли аъзои ҳакамон ситоиш карда, гуфт, ки «устодон хеле меҳрубонанд, муносибаташон бо ман хуб буд, нахуст аз ҳикояҳо пурсиданд, баъдан аз «Бӯстон»-у «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, зарбулмасал, шеър, тезгӯяку чистонҳо пурсиданд. Саодат мегӯяд, ки давоми як соли охир беш аз 70 китоб ва 80 шеърро аз худ кардааст ва бо боварӣ гуфт, ки «умедворам сазовори ҷойи ифтихорӣ мегардам».

Узви ҳайати ҳакамон Абдусаттори Раҳмон аз номинаи адабиёти бачагона изҳор дошт, ки бисёр хуб аст, ки имсол дар озмун нахуст кӯдакону наврасон, баъдан донишҷӯён ва дигар шахсони касбу кори гуногунро мешунаванд.

«Мо кӯдаконро набояд интизор кунем, имконияти ҷисмонии онҳро бояд ба назар гирифт. Новобаста аз он ки иштирокчиён пурра талаботи низомномаро риоя накардаанд, вале донишҳояшон, сатҳи азхудкунӣ, суҳбати шевою равонашон моро хушҳолу умедвор мекунад. Шарт нест ҳама ғолиб оянд ё Шоҳҷоиза гиранд, муҳим ин аст, ки онҳо ба худ ғизои маънавӣ гирифтаанду аллакай захираи дониш доранд. Гумон мекунам ҳадафи озмун низ ҳамин соҳибмаърифат кардану худшинос намудани онҳост, ки имрӯз дар ин ҷода пешравиҳои муҳим ба назар мерасанд»,-гуфт Абдусаттори Раҳмон.

Ёдовар мешавем, ки дар номинаи адабиёти бачагона аз 2 то 5 декабр зиёда аз 70 нафар толибилмону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ иштирок мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки соли сеюм аст озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир мегардад ва он аз рӯйи панҷ номина: адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти бачагона, адабиёти ҷаҳон ва шоирӣ баргузор шуда, иштирокчиён ба се гурӯҳ: тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; хонандагон ва донишҷӯёни таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо); калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) тақсим мешаванд.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Декабрь 2, 2021 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Дар Бадахшон 70 нафар ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст