Дар Раёсат оид ба масоили кӯли Сарез низоми нави огоҳии бармаҳал ва мониторинги кӯл муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 17.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр дар ҳудуди Раёсат оид ба масоили кӯли Сарези Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии низоми нави огоҳии бармаҳал ва мониторинги кӯли Сарез баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба КҲФ ва МГ.
Низоми нав дар марз бо Афғонистон то ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон, ҳаммарз бо вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Узбекистон мегузарад. Пештар аз ин то ноҳияи Рӯшони ВМКБ системаи мавҷудаи огоҳии пешакӣ (алоқаи радио) гузошта шуда буд.
Таҷҳизоти нав аз низомҳои интиқоли маълумоти моҳвораӣ, пешгӯӣ, назорат ва огоҳкунанда иборат мебошад.
Ин таҷҳизот тобистони имсол дар доираи татбиқи лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиии КҲФ ва МГ ва Бонки осиёии рушд харидорӣ ва насб карда шуд.
Дар маросим Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода, Директори кишварии Бонки осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шани Кэмпбелл, роҳбарон ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятии муқими кишвар ширкат намуданд.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ маросимро ифтитоҳ намуда, ба Бонки Осиёии Рушд ва дигар шарикони байналмилалӣ барои ҳамкорӣ изҳори сипос намуда, гуфт, ки низоми нави насбшуда, ки ҳатто хурдтарин тағйиротро дар низоми онлайн ироа мекунад, имкон медиҳад вазъи кӯл беҳтар омӯхта ва бехатарии аҳолӣ дар сурати рух додани ин ё он офати табиии эҳтимолӣ таъмин карда шавад.
Шанӣ Кэмпбелл аҳамияти татбиқи ин лоиҳаро зикр намуда, ба омодагии БОР барои идомаи ҳамкорӣ дар оянда таъкид намуд.
Дар анҷоми қисми расмӣ намоиши имконоти низоми нави мониторинг ва огоҳии бармаҳал дар кӯли Сарез сурат гирифт.
Мушовири байналмилалии Лоиҳаи идоракунии хатари офатҳои табиӣ Рассел Боулз тавонмандиҳои низоми навро ба тариқи онлайн намоиш дода, ба суолҳои мавриди таваҷҷуҳ посух гуфт.
АКС: КҲФ ва МГ








Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт
Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид






