Дар Роғун таҳти унвони «Сайёҳии дохилӣ — омили рушди устувори иқтисоди кишвар» конфронс доир гардид
ДУШАНБЕ, 20.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. 18-19 декабри соли равон бо иштироки намояндагони ВАО, масъулини вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ ва мақомоти маҳаллӣ хатсайри нави сайёҳӣ- Душанбе-Файзобод-Роғун-Душанбе ифтитоҳ ёфт, ки дар доираи он дар шаҳри Роғун Конфронси миллии сайёҳӣ дар мавзӯи «Сайёҳии дохилӣ омили рушди устувори иқтисоди кишвар» доир шуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар Конфронси миллии сайёҳӣ муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Амирбекзода Ҳабибулло, раиси шаҳри Роғун Музаффар Сулаймонзода, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, шаҳри Душанбе, роҳбарони суъбектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва ВАО ширкат намуданд.
Дар ҳамоиши мазкур масъалаҳои татбиқи самараноки сиёсати давлатии соҳаи сайёҳӣ, имкониятҳои сайёҳӣ дар ноҳияи Файзобод ва шаҳри Роғун, ҳифз ва муаррифии объектҳои табиию таърихӣ, омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ, имкониятҳои ташкили хатсайрҳо бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди самараноки фаъолияти сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳамоиши мазкур дар заминаи пресс-тур оид ба имкониятҳои қабулу хизматрасониҳои сайёҳӣ дар хатсайри сайёҳии Душанбе-Файзобод-Роғун-Душанбе барои намояндагони ВАО ва доираҳои сайёҳӣ, ки бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ дар доираи тадбири Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардидааст, баргузор гардид.
Иштирокчиёни пресс-тур аз мавзеъ ва ёдгориҳои таърихии дар масири мазкур вокеъбуда дидан намуда, ҳамчунин бо ҷараёни корҳои бунёдӣ дар Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» аз наздик шинос шуданд.
Қабл аз оғози сафар Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ бо иштирокчиёни сафар суҳбат намуда, тадбири мазкурро дар заминаи татбиқи ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муаррифии зарфиятҳои хоси сайёҳии кишвар арзёбӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати кишвар дар самти афзун гардонидани шумули маконҳои сайёҳӣ ва ба вуҷуд овардани имконоти зарурӣ ҷиҳати қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ барномаҳо таҳия намуда, чораҳои зарурӣ андешида истодааст.
Хотиррасон мешавем, ки хабарнигори минтақавиии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар пресс-тури мазкур иштирок дошт ва дар ин бора гузориши муфассал пешниҳод менамояд.
АКСҲО аз манбаъҳои боз













Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Деҳкадаи сайёҳиро ифтитоҳ намуданд
Бо мақсади муаррифии бештари имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе лоиҳаи инноватсионии «QR-роҳнамо» таҳия гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд
Таваҷҷуҳи сайёҳон ба Тоҷикистон зиёдтар шудааст
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Кадом мавзеъҳои истироҳатии вилояти Суғдро бояд интихоб намуд?
Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Шоҳкориҳои табиии «Чилдухтарон» қалби ҳазорон нафар сайёҳони дохилию хориҷиро тасхир месозад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Дар Хатлон беш аз 940 ёдгории таърихиву фарҳангӣ мавҷуд аст
Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Хатлон — сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат» оғоз гардид






