Дар Шарқи Дури Федератсияи Русия рӯзҳои фарҳангии миллати тоҷик доир гардиданд
ДУШАНБЕ, 03.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 17 ноябр то инҷониб дар доираи тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Шарқи Дури Федератсияи Русия рӯзҳои фарҳангии миллати тоҷик доир гардиданд, хабар дод масъули бахши матбуоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират Каримҷон Салимзода ба АМИТ «Ховар».
Дар доираи баргузории ин рӯзҳо барномаи рангини адабиву фарҳангӣ, ки ба 110 — солагии Шоири халқии Тоҷикистон, қосиди сулҳу дӯстӣ устод Мирзо Турсунзода бахшида шуд, доир гардид. Дар ин маъракаи фарҳангӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, шоирону нависандагон, аҳли илму фарҳанг ва ҷомеаи мадании Шарқи Дур иштирок намуданд.
Дар барномаи адабӣ аз ашъори ин шоири тавонои тоҷик шеърҳо қироат гардида, ҳозирин бо мероси пурмазмун ва сулҳҷӯёнаи устод Мирзо Турсунзода, ки ӯро ҳамчун шахсияти тарғиб ва паҳнкунандаи ғояҳои сулҳпарварӣ дар ҷаҳон муаррифӣ намудааст, шинос шуданд.
Рӯзҳои фарҳангии миллати тоҷик дар минтақаи Шарқи Дури Федератсияи Русия аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии фарҳангии тоҷикони Шарқи Дур роҳандозӣ шуда, дар доираи он анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, таому либосҳои миллӣ ва осори фарҳангии халқи тоҷик ба намоиш гузошта шуданд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамасола дар ин минтақаи Федератсияи Русия рӯзҳои фарҳангии халқҳои муқими ин кишвар роҳандозӣ гардида, дар он таъриху фарҳанг, анъана ва расму оинҳои халқиятҳои гуногуни олам ба намоиш гузошта мешавад.
Роҳбари ҷамъияти тоҷикони Шарқи Дур иброз намуд, ки мақсад аз баргузории чорабинии мазкур, пеш аз ҳама муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик дар хориҷи кишвар буда, тавассути он метавон осори фарҳангиву адабии пурғановати миллат ва таърихи гаронбаҳои гузаштагонро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.
-Мо бояд аз мероси фарҳангии худ ифтихор намуда, онро чун гаҳвараки чашм ҳифз ва манзури оламиён намоем, — таъкид намуд Роҳбари ҷамъияти тоҷикони Шарқи Дур.
АКСҲО: Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР








Манзараҳои зебои табиати Тоҷикистон дар «Pakistan TV Digital» намоиш дода мешавад
Корҳои омодагӣ барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон» идома доранд
НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Бо ин мақсад бо ҷавонони фаъоли шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ доир шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Душанбе ҳар ҳафта рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ оид ба таҳияи Консепсияи илмии Конуни тамаддуни ориёӣ маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе дар Қалъаи Ҳисор бо таърихи халқи тоҷик шинос шуданд
Дар Москва шоми ёдбуди Мирзо Турсунзода баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия оғоз гардид
Таҳти унвони «Меандешам пас ҳастам» намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов оғоз гардид
Дар Фестивали байналмилалии «Интермузей. БРИКС+» густариши ҳамкорӣ байни осорхонаҳо баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид
Бахшида ба 35-солагии робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Санкт-Петербург дар Осорхонаи миллӣ намоиши аксҳо ифтитоҳ ёфт






