Дар Тоҷикистон низоми омори сайёҳӣ бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ такмил дода мешавад

Декабрь 6, 2021 14:54

ДУШАНБЕ, 06.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳӣ низоми омори сайёҳии Тоҷикистонро бо ҷалби коршиносони байналмилалии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ такмил медиҳад. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ оид ба такмили омори сайёҳӣ, ки бо иштироки коршиноси Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Дамиано де Маркӣ баргузор шуд, баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар кори ҷаласа масъулини Кумитаи рушди сайёҳӣ, Агентии омор, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ ва коршиноси байналмилалии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ самаранокии низоми ёридиҳандаи омори сайёҳиро матраҳ карданд. Кори ҷаласа ду рӯз давом меёбад.

Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади такмили омори сайёҳӣ Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамкориро бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ тақвият дода, бо кумаки техникии Бонки Осиёии Рушд ва ҷалби коршиносони Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Низоми ёридиҳандаи омори сайёҳӣ TSA (Tourism Satellite Account) ҷорӣ карда мешавад.

Низоми мазкур қисми ёридиҳандаи низоми омори миллӣ буда, нишондиҳандаҳои соҳаро дар сохтори Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ муайян хоҳад кард.

Дар назар аст, ки бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории зич ва ҷамъоварии саривақтии омори сайёҳӣ миёни  ниҳодҳои дахлдор ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шавад.

АКСҲО: Кумитаи рушди сайёҳӣ

Декабрь 6, 2021 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад