Дар қуръакашии Ҷоми Осиё-2022 мунтахаби Тоҷикистон (U-23) шомили сабади чорум шуд
ДУШАНБЕ, 26.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё ҳайати пурраи сабадҳоро барои қуръакашии ниҳоии Ҷоми Осиё (U-23) муаррифӣ кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Маросими қуръакашии ин мусобиқа 17 феврал баргузор мешавад. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23), ки дар Ҷоми Осиё нахустин бор бозӣ мекунад, дар сабади чаҳорум қарор гирифт ва дар қисми ниҳоии мусобиқот яқинан дар як гурӯҳ бо Малайзия, Кувайт ва Туркманистон рақобат намекунад.
Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ чаҳор гурӯҳ иборат аз чор дастаӣ ташкил карда мешавад. Аз ҳар гурӯҳ ду даста ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбад. Қобили зикр аст, ки қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 (U-23), тибқи тақвими КФО, аз 1 то 19 июн дар Узбекистон ба нақша гирифта шудааст.
Таркиби сабадҳо барои қуръакашии даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 (U-23):
Сабади 1: Узбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, Австралия.
Сабади 2: Урдун, Таиланд, АМА, Эрон.
Сабади 3: Ироқ, Қатар, Ветнам, Ҷопон.
Сабади 4: ТОҶИКИСТОН, Малайзия, Кувайт, Туркманистон.
АКС: ФФТ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд






