Дар Женева самтҳои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо UNCTAD баррасӣ гардиданд

Декабрь 7, 2021 16:50

ДУШАНБЕ, 07.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Самтҳои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Конфронси Созмони Милали Муттаҳид /СММ/  оид ба савдо ва рушд ва низоми автоматии маълумоти  гумрукӣ дар вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Котиби генералии Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд UNCTAD хонум Ребека Гринспан 7 декабр дар шаҳри Женеваи Швейтсария баррасӣ гардиданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои  ҷумҳурӣ.

Завқӣ Завқизода доир ба таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд ибрози назар намуда, аз Котиби генералии Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд хонум Ребека Гринспан дархост кард, ки дар масъалаҳои рақамикунонии иқтисодиёт, тиҷорати рақамӣ, содагардонии расмиёти савдо ва дигар самтҳои афзалиятнок кумакҳои худро бештар намояд.

Дар вохӯрӣ ҳайати расмии Тоҷикистон, роҳбарону намояндагони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Агентии «Тоҷикстандарт» ва  Хадамоти гумрук иштирок намуданд.

 АКС: Вазорати руши иқтисод ва савдо

Декабрь 7, 2021 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст