ДАРАХТ БИНШОН! Дар мавзеи «Чойхонаи миллӣ»-и Ҳисор беш аз 500 бех ниҳоли дарахтони сояафкан ва ороишӣ шинонида шуд

Декабрь 8, 2021 10:24

ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи маъракаи ниҳолшинонӣ дар ду қисмати роҳи асосӣ, ки ба маркази шаҳри Ҳисор мепайванданд ва дар мавзеи «Чойхонаи миллӣ» беш аз 500 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ, сабзазоркунӣ ва  ободонӣ кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, муассисаи хоҷагии коммуналӣ, корхонаву ташкилот ва муассисаҳои таълимӣ, дар маҷмӯъ беш аз 300 нафар фаъолона иштирок намуда, саҳми худро дар  ниҳолшинонӣ ва корҳои ободонӣ гузоштанд.

Давоми мавсими сабзазоркунию ободонӣ шинонидани ниҳолҳои дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулҳои мавсимӣ дар тамоми минтақаҳои шаҳри Ҳисор пешбинӣ гардидааст.

          АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Декабрь 8, 2021 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд