Дастаҳои ноҳияҳои Ашту Файзобод ва шаҳри Кӯлоб ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол шуданд
ДУШАНБЕ, 30.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол миёни деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷамъбаст гардида, ҷои аввал насиби дастаи ноҳияи Ашт, ҷои дуюм насиби дастаи ноҳияи Файзобод ва ҷои сеюм насиби дастаи шаҳри Кӯлоб гардид. иттилоъ дод сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Маҳмадуллозода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар».
Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол миёни деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид,
Дар даври ниҳоии мусобиқа дастаҳои ғолиби даври вилоятии вилоятҳо ва шаҳру навоҳии тобеи марказ ширкат ва байни ҳам рақобат намуданд.
Дар фарҷоми мусобиқа ба ғолибон медал, диплом, мукофотпулӣ ва Ҷоми мусобиқа супорида шуд.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






