Доир ба ҷанбаҳои лингвистию муқоисавии омӯзиш ва тадриси забонҳои хориҷӣ Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд

Декабрь 24, 2021 15:02

ДУШАНБЕ, 24.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони «Ҷанбаҳои лингвистию муқоисавии омӯзиш ва тадриси забонҳои хориҷӣ дар шароити бисёрфарҳангии таҳсилот» Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори  АМИТ “Ховар”.

Дар конференсия устодон ва донишҷӯёни донишкадаи мазкур, меҳмонон аз дохил ва хориҷи мамлакат ҳузурӣ ва тариқи онлайн  иштирок намуданд.

Ректори донишкада  Жило Гулназарзода зимни ифтитоҳи конференсия иброз намуд, ки имрӯзҳо таҳқиқу омӯзиши паҳлӯҳои гуногуни   забонҳои хориҷӣ дар муқоиса бо забони тоҷикӣ ба назар расида, натиҷаи он барои боз ҳам беҳтару  қавитар гаштани сохтори забони давлатӣ  мусоидат менамояд. Конференсияи имрӯза мутаносибан  дар партави  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баргузор гардид.

Жило Гулназарзода аз ташаббусҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи маориф ёдовар шуда, афзуд, ки омӯхтани забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама, мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат  қарор дорад. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки мутахассисони забондони ба бозори меҳнати ҷаҳонӣ рақобатпазир омода намоем.

Зикр шуд, ки айни замон фазои таҳсилот дар  Тоҷикистон тайғироти сифатиро аз сар мегузаронад. Дар раванди таҷдиди самти таълим нақши махсус ба  омӯзиши забонҳо, бахусус забони русӣ, англисӣ, олмонӣ ва чинӣ равона мегардад. Вобаста ба ин масоил Пешвои миллат 21 декабр зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, ки «бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад».

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он таваҷҷуҳ ба тадриси забонҳои хориҷӣ  дар шароити бисёрфарҳангӣ беш аз пеш зиёд гардидааст. Барои намуна метавон гуфт, ки фақат дар  Донишкадаи давлатии забонҳо таълими 11 забони гуногун мавҷуд буда, инчунин дар ДМТ, Донишгоҳи омӯзгорӣ  ва дигар муассисаҳои  таҳсилоти олии  касбӣ омӯзиши забонҳои хориҷӣ  ба роҳ монда шудааст.

Тавре дар Паём зикр шудааст, «таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ бояд дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад. Зеро Тоҷикистон ҳоло бо 180 давлат робитаи дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорад».

Ректор дар идома гуфт, ки “забондонӣ қулфкушои ҳамаи дарҳои баста мебошад”. Тавре ки Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ фармудааст:

Ба шамшери забон марди суханвар,
Кунад олам мусаххар чун Сикандар.

Дар идомаи конференсия, ки бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷараён дошт,  тариқи ҳузурӣ ва онлайн маърӯзаҳо шунида шуданд.

Дар хатми Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ҷанбаҳои лингвистию муқоисавии омӯзиш ва тадриси забонҳои хориҷӣ дар шароити бисёрфарҳангии таҳсилот» мубодилаи афкор сурат гирифт.

София ШОИК,
АМИТ “Ховар”

АКС: ДДЗТ

Декабрь 24, 2021 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон баргузор мегарданд
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус