ФАЛАК МЕТАВОНАД БА РӮЙХАТИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШАВАД. Муассисаи СММ оид ба маориф, илм ва фарҳанг баррасии дархостҳоро барои ворид кардани мероси ғайримоддӣ ба феҳристи ҳифз оғоз мекунад
ДУШАНБЕ, 14.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи байниҳукуматии ЮНЕСКО шоми душанбеи 13 декабр ба баррасии дархостҳо барои шомил кардани мероси ғайримоддӣ ба феҳристи ҳифз оғоз кард, хабар медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба маркази матбуоти ин созмон.
«Аъзои кумита дар ҷаласаи онлайн, ки то 18 декабр идома меёбад, дар маҷмӯъ 55 дархостро барои шомил шудан ба рӯйхатҳои соли равон баррасӣ хоҳанд кард», — гуфтанд дар созмон.
Маркази матбуоти ЮНЕСКО шарҳ дод, ки шумораи аз ҳама зиёди дархостҳо 45 ададро ташкил медиҳад. Онҳо барои дохил шудан ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳангии башарият пешниҳод шудаанд. Панҷ дархост ба Рӯйхати ҳифзи таъҷилӣ ва ҳамин миқдор ба Феҳристи таҷрибаҳои беҳтарин оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ фиристода шудаанд.
Дар созмон ёдовар шуданд, ки ин кор тибқи Конвенсияи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ сурат мегирад. Он барои нигоҳ доштани дониш ва малакаҳои зарурӣ барои ҳунарҳои мардумӣ ва таҷрибаҳои фарҳангӣ, ки аз насл ба насл мегузаранд, хидмат мекунад. Ҳамин тариқ, кафолатҳои пешниҳодшуда ба анъанаҳои эҷодиёти шифоҳӣ, ҳунари иҷроӣ, таҷрибаҳои иҷтимоӣ, расму ойинҳо ва чорабиниҳои идона, инчунин донишҳои марбут ба табиат ва коинот дахл доранд, хабар доданд аз ситоди созмон.
Рӯйхати репрезентативии мероси фарҳангии ғайримоддии башарият феълан 492 унсурро дар бар мегирад. Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддӣ, ки ба ҳифзи таъҷилӣ ниёз дорад – 67. Феҳристи таҷрибаҳои беҳтарини ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ феълан 25 лоиҳаро дар бар мегирад, хабар медиҳад маркази матбуот.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки сурудхонии суннатии фалак ба Феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО ворид карда шавад.
Ба гуфтаи коршиносон, ин мероси мусиқии мардумии тоҷик тамоми имконоти ворид шудан ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО-ро дорад, бахусус пас аз он ки садои фалак аз саҳнаи қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж солҳои 2005 ва 2021 замоне садо дод, ки Тоҷикистон дар ин кишвар бо ширкати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Рӯзҳои фарҳангӣ баргузор намуд. Пешвои миллат 10 октябрро расман Рӯзи Фалак эълон намуда, ба ин васила мақоми касбии фарҳанги мусиқии чандинасраро ба зинаи нав бароварданд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд
Эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар сокини ҷумҳурӣ аст
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ давраи омузишӣ баргузор шуд
ТОҶИКОН — МЕРОСБАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ саривақтӣ ва муҳим аст
Сокинони шаҳри Исфара соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе маркази омӯзиши забони чинӣ таъсис дода мешавад
БОРБАД — АСОСГУЗОРИ МУСИҚИИ ШАРҚ. Хунёгаре, ки назирашро таърихи башар ёд надорад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
Масъалаи дастрасӣ ба оби нӯшокии устувор бо намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд






