ФУРӮҒЕ, КИ ФАРРУ АНВОРИ НАВ ДОД. Чанд андеша ва пешниҳоди шоир Камол Насрулло оид ба озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман»

Декабрь 16, 2021 13:06

ДУШАНБЕ, 16.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр даври ниҳоии соли сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» муваффақона ва бо тантана дар Театри давлатии опера ва балети ба номи устод Айнӣ ҷамъбаст гардид. Чанде пеш даврҳои ҷамъбастии озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ва «Илм — фурӯғи маърифат» низ пуршукӯҳ баргузор гардида буданд.

Дар зер чанд бардошти Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО аз натиҷаи ин озмунҳо пешниҳоди хонандагон карда мешаванд.

Озмунҳои имсола ҷамъбаст ёфтанд, ғолибон муайян гардиданд. Рӯйхати онҳое, ки ғолиб ва сазовори ҷоиза шуданд, дар расонаҳои кишвар интишор гардидаву аз ҷониби мардум истиқбол ёфтанд.

Аксари аъзои ҳакамон ва ширкатдорони ин озмунҳо бар онанд, ки аз ҷиҳати сифату мазмун дар озмунҳои имсола пешравиҳои ба назар намоён  дида шуданд. Ин пешравиҳо дар фарогирии бештари асарҳои хонданӣ, боло рафтани сифати омӯзишу бардоштҳои довталабон, муносибати ҷиддитари ҳам иштирокчиён, ҳам масъулини ин озмунҳо ва ҳам устодону волидайни иштирокчиён зоҳир гардидааст.

Соли сеюм аст, ки банда ба сифати узви ҳакамон дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон- Ватани азизи ман” ширкат меварзам. Борҳо андешаҳои худро тавассути сомонаи АМИТ “Ховар” ва рӯзномаи бонуфузи кишварамон “Ҷумҳурият” барои тарғибу равнақи кори ин озмунҳо баён намудаам.

Озмунҳои номбурда, ки бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллатамон роҳандозӣ гардиданд, аз оғози бунёдашон як зуҳуроти неку хуҷаста дар ҳаёти маънавии халқ ва кишварамон маҳсуб ёфта, ҳатто, бештар аз он метавон онҳоро аз беҳтарин падида ва дастовардҳои солҳои охири Истиқлолиятии давлатиамон ба шумор овард.

Ин ки ин озмунҳо ҳадафҳои баланди миллию маънавии халқи моро пайгирӣ менамоянд; ин ки тавассути онҳо маърифат ва фазилату донишомӯзӣ, эҳсосоти милливу худшиносӣ, ватандӯстиву инсонпарварӣ, баландтарин ғояҳои инсониву башарӣ ва миллии мардуми мо ва хусусан наврасону ҷавонон баланд бардошта мешаванд, мусаллам аст. Мо  дидем, ки чӣ гуна ин озмунҳо зуд ҷомеаи моро фаро гирифта, аз ҷониби мардум ва наврасону ҷавонон хуб пазируфта шуданд. Дар хусуси он ки ин озмунҳо наврасону ҷавонони моро ба китоб дилгарм намуда,  ба маънавиёти баланд раҳнамоӣ намуданд, фазилату дониш ва ҷаҳонбинии онҳоро васеъ сохтанд  ва ғайраҳо борҳо гуфта шуд. Имрӯз, хушбахтона, ба сафи ин озмунҳо боз як озмуни ниҳоят ҷиддиву муфиди дигар- “Илм- фурӯғи маърифат” илова гардид, ки бидуни шубҳа, онҳоро комилтару  ғанитар намуда, ҳадафҳои волои дигареро зам намуд. Ин хушбахтӣ ва далели пешрафти дурахшони маънавиёти мост, ки имрӯз ҷомеаи мо  аз ҳавои муаттару  рӯҳафзои ин озмунҳо нафас мекашаду зиндагӣ мекунад ва сатҳи маънавии ҳаёти худро боло мебардорад..

Боиси қаноатмандист, ки комиссияҳои озмунҳои номбурда пайваста кор кардаву дар пайи такмили шарту шароит, беҳтар намудани имконият ва баланд бардоштани сифату маърифат ва натиҷаҳои онҳо мебошанд. Яъне Президенти мамлакат, Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон на танҳо ин озмунҳоро роҳандозӣ намудаву дастгирӣ намуданд, балки пайваста нисбат ба такмилу пешрафти онҳо таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ зоҳир менамоянд.

Он пешниҳод ва тағйироте, ки пас аз мушоҳида ва хулосабарориҳои озмунҳои соли аввалу соли дуюм аз ҷониби комиссияҳо амалӣ карда шуданд, сатҳу сифати озмунҳоро баландтар бардоштаву шароити беҳтареро дастраси довталабон намуданд.  Аз ҷумла, аз рӯйи синну сол ва касбу кор дубора табақабандӣ шудани номинаҳо, яъне таъсиси гурӯҳҳои наву алоҳида,  масалан, барои мактаббачагон, барои донишҷӯён, барои кормандони соҳаҳои гуногун ва барои калонсолон;  ҷудо ва мустақил гардидани номинаи шоирӣ ва ба он зам гардидани номинаи наср  озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро хеле мукаммалтар намуд ва камбудиҳои бударо бартараф намуда,  имкониятро васеътар гардонд.

Албатта, ҳама номинаҳое, ки дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳандозӣ шудаанд,  ба сабаби он ки ҳадафои неку баландро пайгирӣ мекунанд, муҳим ва ҷиддиву  даркорӣ мебошанд, аммо ба фикри банда дар ин саф озмунҳое, ки бештар тифлакону хурдсолонро ҷалб кардаанд,  хусусан, адабиёти бачагона ва адабиёти муосиру классикӣ ҷойгоҳи хосса доранд. Маҳз ҳамин озмунҳо ба  сабаби он ки теъдоди зиёди хурдсолону  мактаббачагон дар онҳо иштирок доранд, таваҷҷуҳи ҷомеа, падару модарон ва мактабу муаллимонро бештар ҷалб карда, ҷунбишу дилгармию шӯре дар ҷомеа андохтаанд.

Акнун дар мавриди масъалаҳое, ки бояд ҳал шаванд. Дар озмуни шаҳрии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”доварон бо мушкиле рӯ ба рӯ омаданд ва мушкил дар он падид омад, ки кӯдаконе чанд аз ноҳияҳои Душанбе, ки худ дар мактабҳои русӣ мехонанд, ба озмун аз адабиёти рус омодагӣ гирифта омадаанд. Ҳол он ки дар низомномаи озмун  ширкати довталабони хурдсол, хусусан хонандагони мактабҳои русӣ  дар асоси хондану аз худ кардани  адабиёти рус пешбинӣ нашудааст. Мо натавонистем кӯдаконро ноумед кунему ба озмун роҳ надиҳему дилшикаста гардонем. Аз ин рӯ онҳоро шунидему баҳогузорӣ кардем, вале онҳо наметавонистанд ҷоиза ва ё ҷой гиранд, чун Низомнома ин иҷозатро намедиҳад. Баъзе волидайн эътироз кардаву шикоят ҳам доштанд. Аммо аъзои ҳакамон ва комиссияи озмун бояд талаботи низомномаи озмунро бегуфтугӯ риоя кунанд ва ҳуқуқи ворид кардани тағйирот ба қонуни низомномаро надоранд. Иштибоҳ дар марҳилаҳои аввал, хусусан озмунҳои ноҳиявӣ роҳ ёфта буд ва дар он ҷо бояд ба кӯдакон ва волидайн мефаҳмонданд, ки озмуни номинаҳои адабиёти кӯдаконаву муосир ва классикӣ танҳо ба адабиёти тоҷик  дахл дорад. Аммо кӯдакони русзабон метавонанд дар номинаи адабиёти ҷаҳон ба забони русӣ ширкат варзанд.

Мо агар хоҳем, ки вазъияти ногувори ба амаломада ҳалли худро ёбад, бояд минбаъд комиссияи озмун як номинаи алоҳидаеро барои хондан ва аз бар кардани адабиёти рус дар номинаи адабиёти бачагона ҳамроҳ  кунад.

Андеша ва пешниҳоди дигар, ки низ дахолати комиссия ва тағйирот дар низомномаро тақозо дорад, ба номинаи насру назм, яъне номинатсияҳои адабӣ дахл дорад.

Соли аввал аслан номинаи адабӣ дар  озмуни ““Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” вуҷуд надошт, як номинае бо номи шоирӣ дар озмуни “Тоҷикистон- Ватани азизи ман” шомил буду халос. Хуб шуд, ки ин номинаро соли дигар  бо номи номинаи шоирӣ ба озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дохил карданд, чунки ин номина ба китобхонӣ бештар дахл дорад. Ва боз ҳам беҳтар гардид, ки соли сеюм ба ин  номинаи насрро ҳам ҳамроҳ сохтанд. Яъне номинаи адабӣ пайваста такмил меёбад.  Ва ҳоло дар ҷамъбасти озмуни соли сеюм мавриди он аст, ки дар бораи комилтар кардани ин номинаҳои адабӣ андеша ронем.

Дар адабиёти муосири тоҷик дар қатори назму наср боз драматургия ва нақди адабӣ низ нақши муҳиму бориз доранд, хусусан имрӯз мо бояд дар бораи вазъи драматургияи тоҷик ва ояндаи он биандешем, зеро нақд ва адабиётшиносӣ ба ҳар ҳол тавассути академияи улум ва пажӯҳишгоҳҳои он низ то ҷойе роҳандозӣ мешавад, аммо ривоҷи драматургия, баланд бардоштани сатҳи он аз масъалаҳои ҷиддиву ҳалталаби адабиёти муосири мост.  Ба роҳ андохтани номинаи дигаре бо номи драматургия ва навиштани асарҳои саҳнавӣ барои театру телевизиону радио бояд низ пайгирӣ шавад ва ба ин восита метавон имконият ва саҳми боризе барои тавлиди асарҳои саҳнавӣ муҳайё кард, ки имрӯз ниёзи сахте бар онҳо дорем.

Албатта, вақте ки мо номинаҳои назму насру драматургиро роҳандозӣ мекунем, дар ин саф бояд ҳатман номинаи нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ низ, ки бе он адабиёти муосирро наметавон тасаввур кард, ҷойгоҳи хосси худро дошта бошад, то номинаҳои адабии озмуни маъруфи мо комилтару бе камбудӣ гарданд.

Бояд гуфт ва ин мусаллам аст, ки номинаҳои адабӣ: назм, наср, драматургия ва адабиётшиносӣ дар муқоиса бо номинаҳои хондану аз бар кардани адабиёти муосир, классикиву бачагона ва ҷаҳонӣ хеле ҷиддитару муҳимтар аз он ҷиҳатанд, ки агар номинаҳои аввалӣ барои рушди донишу забону ҷаҳонбиниву андешаронии довталабон муфид бошанд, номинаҳои адабӣ, ки номинаҳои эҷодианд, барои рушди истеъдод, ба майдон омадани адибони нави соҳибтабъ, такмил ва пешрафти минбаъдаи адабиёти бадеии ватанӣ нақши бузург хоҳанд бозид, ки ин дар маҷмӯъ барои пешрафту ғанитар гардидани маънавиёти миллиамон қимати арзишманд  дорад.

Ин ки номинаҳои дигар ба синну сол ва гурӯҳҳо табақабандӣ шудаанд, олиҷаноб аст ва чунон ки гуфтем, самараҳои хубтару бештар медиҳад, зеро теъдоди ҷоизаҳо то ба 15-20 адад мерасад, яъне панҷтоӣ ҷоиза ба ҳар табақабандӣ. Аммо, мутаассифона, номинаҳои назму наср чунин табақабандӣ надоранд ва барои иштирокдорони ҳамаи синну сол ҳамагӣ панҷ ҷоиза ҷудо шудааст, ки тақсими он, чунон ки таҷриба нишон дод, душвор гардида, боиси дилмондагиҳо мегардад. Камии теъдоди ҷоизаҳо ва табақабандӣ нашудани онҳо аз рӯи синну сол боиси он мегардад, ки на ҳамаи онҳое, ки  сазовори ҷоизаанд, тақдир карда мешаванд. Бисёр  хуб ва адолатмандона  мешуд, агар номинаҳои адабӣ низ ба гурӯҳҳои мактаббачагон, ҷавонону донишҷӯён ва калонсолону мардуми касбу кори гуногун, яъне ҳар номина панҷ ҷоизагӣ табақабандӣ шаванд,  зеро агар фақат барои аз ёд кардану донистан 15-20 ҷоиза муқарар кардаем, пас барои истеъдод ва эҷодкорӣ, ки хеле муҳимтару  ҷиддитар аст, бояд низ ақаллан ҳамин гуна мунсибат кунем.

Албатта, чаҳор номинаи адабии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”: адабиёти бачагона,  муосир, классикӣ ва ҷаҳонӣ нишон доданд, ки роҳандозӣ кардани онҳо дар озмуни номбурда боиси рушди илму адаб, донишу ҷаҳонбинии мардуми тоҷик ва хусусан наврасону ҷавонон мегардад, ки ҳосилашро мо аллакай дида истодаем. Аммо бояд гуфт, ки номинаҳои адабӣ, аз ҷумла насру назм ва драматургияву адабиётшиносӣ, агар роҳандозӣ шаванд, аҳамият ва ҳадафҳои волотару дурбинонае доранд, ки саҳми бузургашонро ба хазинаҳои маънавии миллатамон мегузоранд. Пӯшида нест, ки вазъ ва сатҳи драматургия ва нақди адабиву адабиётшиносиамон ниёз ба ин таҷдиди назар доранд.

Миллати мо дар таърихи худ маҳз бо адабиёти бузург, нобиғагони хуҷастаи илму адабаш обрӯву ифтихор дорад. Аз ин рӯ дастгирӣ ва роҳандозӣ кардани шакли комилтари номинаҳои адабӣ дар ин озмун аҳамият ва нақши бузургу боризи миллӣ хоҳад дошт.

Мо, ҳатто, ҳадалимкон метавонем номинаҳои адабии ин озмунро ҳамчун як озмуни алоҳидае бо номи “Фурӯғи сухан” ё “Фурӯғи адабиёт” дар қатори озмуни хеле муфиду саривақтии “Илм- фурӯғи маърифат” роҳандозӣ кунем.  Чунин иқдом, агар роҳандозӣ шавад, бешубҳа, як қадами бузурги дигар дар бунёди адабиёти бадеӣ ва рушди насру назму драматургия ва адабиётшиносии мусири тоҷик  гузошта хоҳад шуд.

Банда умедвор ва аминам, ки аъзои дигари  ҳакамони озмун ва мутахассисон дар мавриди номинаҳои алоҳида низ ибрози андеша хоҳанд кард ва пайваста кор бурдан ва такмилу ривоҷ додани номинаҳои озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз ҷониби Комиссияи ҳукуматӣ далели ғамхории пайвастаи Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди такмилу пешбурди бештари ин озмуни бонуфуз ва писандидаи аҳолӣ мегардад.

Ҳосили ширкати банда дар озмуни дигари бонуфузи ҷумҳуриявии кишвар “Тоҷикистон –Ватани азизи ман” низ чанд андешаеро ба бор овардааст, ки гумон мекунам иброзу пешниҳод ва ба назар гирифтани  онҳо низ ба манфиати кор ва баланд бардоштану такмил додани  сатҳи ин озмуни писандидаи  мардум хоҳад буд.

Пешниҳоди аввал ин аст. Ба андешаи банда, ҷони суруд матни суруд, мазмун ва суханонест, ки ин суруд дар асоси он сохтаву суруда шудааст. Аз ин рӯ, гоҳе дар ин озмун хусусан дар номинаҳои сарояндагӣ мебинем, ки  довталаб, бо вуҷуди доштани овози хеле марғуб ва интихоби мусиқии олиҷаноб наметавонад муваффақ бошад, бо сабаби он  ки дар интихоби матн саҳлангорӣ кардааст. Аксари чунин матнҳо пур аз иштибоҳи забониву мантиқӣ буда, шеърияташон баланд нест. Дар ин маврид овози хубу оҳанги хуб қурбони безавқии офарандагони суруд гардидаанд. Бояд сарояндагон ва оҳангсозони ҷавони мо дар сари завқи сухандониву шеърфаҳмии худ хеле сахт кор баранд.  Танҳо матни тозаву солиму баланд метавонад суруди тозаву солиму олӣ ба вуҷуд орад.

Андеша ва пешниҳоди дигар барои сарояндагон дар озмуни “Тоҷикистон- Ватани азизи ман” ин аст, ки бисёриҳо бо такрори сурудҳои маълуму машҳур ба озмун меоянд. Баъзан мо шоҳиди он мешавем, ки як суруди машҳур пайи ҳам аз ҷониби чанд довталаб суруда шуду қимату арзиши сурудро коста сохт. Албатта, хондани як суруди машҳуру маълум аз ҷониби довталаб манъ нашудааст, аммо беҳтар мебуд, агар довталабони номинаи  сарояндагӣ ба озмун бо матну оҳанги тозаи худ биёянд, яъне истеъдоди худро дар мавриди эҷоди сурудҳои нав ва интихоби матн  ҳам бисанҷанду ҳам такмил диҳанд. Ин иқдом чанд ҳосили хуб хоҳад дод. Аввалан, истеъдоди сурудофаринӣ ва ё оҳангсозии довталабро ривоҷ хоҳад дод, баъдан аз ин ҳисоб суруду таронаҳои нав ба майдон хоҳанд омад, ки ба пешрафти санъати мо мусоидат менамоянд.

Дар охир бори дигар сипос ва шукргузории худро ба Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои роҳандозии чунин озмунҳо, ки шояд на камтар аз як донишгоҳу донишкада ва мактабу таълимгоҳ барои равнақи касбу  ҳунару истеъдод ва  пешрафти илму адабу фазилат ва маънавиёти халқи тамаддунпарвару суханофарамон гузошта истодаанд, баён намоям. Имрӯз баъд аз соли сеюми баргузории озмунҳои номбурда бо дили пур метавон гуфт, ки ҳар яки онҳо моро ба роҳи дурусту воқеӣ ва бунёдии асолати таърихии халқамон раҳнамоӣ мекунанд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Декабрь 16, 2021 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон баргузор мегарданд
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус