«Кундал – намунаи волои санъати анъанавии ниёгон». Таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиш ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 15.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Кундал – намунаи волои санъати анъанавии ниёгон» намоиш ифтитоҳ гардид, ки то 25 январи соли 2022 идома меёбад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев.
Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 50 адад намунаҳои гуногуни кундал ба маърази дид бароварда шудаанд, ки баёнгари возеҳи намунаи волои ин санъати анъанавии ниёгони тоҷикон мебошанд.
Асарҳои офаридаи Раҳимов Қ. «Лавҳаи наққошӣ», Ғаюров К. «Гулҳо», «Туҳфаи дил», «Идона» ва «Нафиса», Абдураҳмонов Р. «Ситора», Ҳаитов Т. «Рақси кабӯтар», «Гулдаста» ва «Орзуи офтоб», Бурҳонов А. «Хурсандии ғалаба», Рақибов М. «Баҳор», Муҳаммад К. «Афсонаи ҳайёт», Бегимов Я. «Боғу бӯстон», Абдураҳмонов Р. «Ғунча», Абдураҳмонов И. «Тоҷикистони ман» ва Раҳимов А. «Фирӯза» аз зумраи онҳо мебошанд.
Дар ифтитоҳи намоиш роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати фарҳанг, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ ба номи М. Олимов, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон, сафоратхонаҳои кишварҳои Беларус, Русия, Қазоқистон, Покистон, Озорбойҷон, Фаронса, Ҳиндустон ва Ҷопон дар Тоҷикистон иштирок намуданд.
Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода зикр намуд, ки кундал яке аз усулҳои санъати наққошӣ буда, намунаҳояш дар якчанд ёдгориҳои кишвар ба назар мерасанд. Номбурда ҳамзамон дар робита ба намунаи волои санъати анъанавӣ будани кундал пешниҳод ва шомил гардидани онро ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият – ЮНЕСКО муҳим арзёбӣ намуд.
Кундал, ки ба таври дигар нақшу нигори возеҳ номида мешавад, намунаи санъати анъанавии Осиёи Марказист, ки танҳо дар Тоҷикистон боқӣ монда, ривоҷ меёбад. Мувофиқи тахмини олимон, замони пайдоиши ин санъати нодир ба асри ХV рост меояд. Замоне, ки дар як қатор ёдгориҳои маркази қадимаи тоҷик усули нави ороиш рӯи кор омада, қисмҳои ҷудогонаи сақф ва деворҳои дохили биноҳоро нақшу нигори аҷибе бо истифодаи миқдори зиёди тилло оро медод.
Зебоии кундал дар асоси ба ҳам пайвастани тимсолҳои мураккаб, омехтани шаклҳои табииву ҳандасӣ, бозии тахайюл бо рангҳо асос гирифта, ҳар намунаи он ҳунари хондан ва дарк карданро талаб менамояд.
АКСҲО аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон











Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






