«Кундал – намунаи волои санъати анъанавии ниёгон». Таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиш ифтитоҳ ёфт

Декабрь 15, 2021 14:32

ДУШАНБЕ, 15.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Кундал – намунаи волои санъати анъанавии ниёгон» намоиш ифтитоҳ гардид, ки то 25 январи соли 2022 идома меёбад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев.

Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 50 адад намунаҳои гуногуни кундал ба маърази дид бароварда шудаанд, ки баёнгари возеҳи намунаи волои ин санъати анъанавии ниёгони тоҷикон мебошанд.

Асарҳои офаридаи Раҳимов Қ. «Лавҳаи наққошӣ», Ғаюров К. «Гулҳо», «Туҳфаи дил», «Идона» ва «Нафиса», Абдураҳмонов Р. «Ситора», Ҳаитов Т. «Рақси кабӯтар», «Гулдаста» ва «Орзуи офтоб», Бурҳонов А. «Хурсандии ғалаба», Рақибов М. «Баҳор», Муҳаммад К. «Афсонаи ҳайёт», Бегимов Я. «Боғу бӯстон», Абдураҳмонов Р. «Ғунча», Абдураҳмонов И. «Тоҷикистони ман» ва Раҳимов А. «Фирӯза» аз зумраи онҳо мебошанд.

Дар ифтитоҳи намоиш  роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати фарҳанг, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ ба номи М. Олимов, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон, сафоратхонаҳои кишварҳои Беларус, Русия, Қазоқистон, Покистон, Озорбойҷон, Фаронса, Ҳиндустон ва Ҷопон дар Тоҷикистон иштирок намуданд.

Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода зикр намуд, ки кундал яке аз усулҳои санъати наққошӣ буда, намунаҳояш дар якчанд ёдгориҳои кишвар ба назар мерасанд. Номбурда ҳамзамон дар робита ба намунаи волои санъати анъанавӣ будани кундал пешниҳод ва шомил гардидани онро ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият – ЮНЕСКО муҳим арзёбӣ намуд.

Кундал, ки ба таври дигар нақшу нигори возеҳ номида мешавад, намунаи санъати анъанавии Осиёи Марказист, ки танҳо дар Тоҷикистон боқӣ монда, ривоҷ меёбад. Мувофиқи тахмини олимон, замони пайдоиши ин санъати нодир ба асри ХV рост меояд. Замоне, ки дар як қатор ёдгориҳои маркази қадимаи тоҷик усули нави ороиш рӯи кор омада, қисмҳои ҷудогонаи сақф ва деворҳои дохили биноҳоро нақшу нигори аҷибе бо истифодаи миқдори зиёди тилло оро медод.

Зебоии кундал дар асоси ба ҳам пайвастани тимсолҳои мураккаб, омехтани шаклҳои табииву ҳандасӣ, бозии тахайюл бо рангҳо асос гирифта, ҳар намунаи он ҳунари хондан ва дарк карданро талаб менамояд.

АКСҲО аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Декабрь 15, 2021 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
НАВРӮЗ ДАР ЗАРАФШОН. Он бо «тухмҷангак»-и кӯдакон оғоз мегардад