«МАВҚЕЪГИРИИ РАСОНАҲОИ ДАВЛАТӢ МУҚОБИЛИ ТАҲДИДҲОИ ЗАМОНИ МУОСИР». Имрӯз дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи рӯзноманигорӣ доир гардид

Декабрь 13, 2021 16:55

ДУШАНБЕ, 13.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Мавқеъгирии  расонаҳои  давлатӣ  муқобили  таҳдидҳои  замони   муосир» ҳамоиши  ҷавонони соҳаи рӯзноманигорӣ доир гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар». 

Ҳамоиши мазкур бо ибтикори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар ҳамбастагӣ бо рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Народная газета», «Садои мардум», «Халқ овози», «Минбари халқ», маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ баргузор гардид.

Муовини Директори АМИТ «Ховар» Қаноатулло Сайфуллоев зикр намуд, ки матбуот ва ВАО дар замони муосир ҳамчун самти муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа дар таҳкими рисолати миллии давлатдорӣ нақши беандоза доранд.  Имрӯз ин неруи азим ва бузурги иттилоотӣ ҷиҳати ба қишрҳои гуногуни ҷомеа расонидани маълумоти зарурӣ, ахбору навгониҳо ва ба ин восита мусоидат намудан дар тарбияи ахлоқии ҷомеа, ташвиқу тарғиби анъанаҳои миллӣ, фарҳангию таърихӣ ва махсусан тарғиби дастовардҳои замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас мегузоранд.

«Ҳар яки мо бояд дар тарозуи ақли солим хубу бадро баркашем ва рӯи қоғаз биёрем ё дар сомонаҳои иҷтимоӣ чоп кунем. Дар ҳама ҳолат бояд манфиати умумӣ  ба назар гирифта шавад, на хостаи танги як нафар ё гурӯҳе», афзуд Қаноатулло Сайфуллоев.

Зикр шуд, ки Истиқлолияти давлатӣ дар мамлакати мо барои рушди соҳа имконот ва шароити мусоид фароҳам сохт. Барои муқоиса, агар соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 191 адад рӯзномаву маҷалла интишор мегардид, имрӯз 621 рӯзномаву маҷалла ба табъ мерасад, ки аз ин теъдод 395-тоаш ҷамъиятиву хусусӣ мебошад. Солҳои аввали истиқлол дар кишвар танҳо 1 агентии иттилоотӣ фаъолият мекард, имрӯз теъдоди онҳо ба 11 адад расидааст, ки аз ин шумора 10 агентӣ  ҷамъиятиву хусусӣ мебошанд.

Таъкид карда шуд, ки рӯзноманигорон бояд дар ягон маврид аз нотавонбинони давлату миллатамон ҳаррос надошта, манфиатҳои давлату миллатро дар ҷойи аввал гузоранд. Он шоҳкориҳое, ки дар даврони Истиқлолият дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат рӯи кор омадаанд, онро ба мардум расонанд,  моҳияти сулҳу субот ва оромии кишварро ба омма бозгӯӣ намоянд.

Дар ҳамоиши мазкур инчунин аз ҷониби донишҷӯён пешниҳод гардид, ки дар назди Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон «Мактаби журналистони ҷавон» таъсис дода шавад, ки ин пешниҳод аз ҷониби намояндагони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дастгирӣ ёфт.

Иштирокчиёни ҳамоиши имрӯза муроҷиатнома қабул намуданд, ки матни пурраи он дар зер пешниҳод мешавад.

М У Р О Ҷ И А Т Н О М А И

иштирокчиёни ҳамоиш перомуни мавзӯи «Мавқеъгирии расонаҳои давлатӣ муқобили  таҳдидҳои замони муосир»

 Вазъияти имрӯзаи дар сайёра баамаломада беш аз пеш  ва ҷиддан талқин месозад, ки бар  алайҳи таҳдидҳои харобкунанда ва марговари замони муосир – терроризми байналмилалалӣ,  экстремизми динӣ, кибертерроризм, сепаратизм, ҷиноятҳои муташаккилона ва ғайра танҳо бо роҳи дастҷамъона,  танҳо бо роҳи иттиҳоди неруҳои солим ва сулҳпарвари бани  башар имкон дорад истодагарӣ ва муқовимат кунем ва бар он пирӯз шавем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчун ходими давлатию сиёсии дар сатҳи ҷаҳон эътирофшуда пайваста аз минбарҳои баланди байналмилалӣ маҳз ба  кӯшишҳои муштарак бар зидди ҳама гуна зулму ситам  ва беадолатӣ даъват менамоянд. Хушбахтона, суханҳои нишонрас,  далелҳои эътимодбахш ва андешаҳои дурбинонаи Пешвои муаззами миллати тоҷик ба нафъи инсоният дар  саросари кураи Замин ва ақсои олам ҳамовозӣ пайдо мекунанд. Зеро  хатари сар задани ҷанги ҷаҳонӣ бо истифода аз таслеҳоти ҳастаӣ хеле ҷиддӣ ба назар мерасад ва баъд аз анҷоми «ҷанги сард» шиддаташ торафт меафзояд. Пеши ин  таҳдиди хатарзои замони муосирро танҳо иттиҳод ва ҳамбастагии ҷомеаи ҷаҳонӣ, пирӯзии ақли солим метавонад бигирад.

Ҳанӯз Саъдии бузургвор фармуда буд ва имрӯз ин ҳарфҳо дар пештоқи бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ насб шудаанд:

Бани Одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ!

Дар шароити мураккаби кунунӣ шиори беҳтаре нест.

Мо, иштирокдорони ҳамоиши имрӯза аз он қаноатмандем, ки бори дигар масъулияти афзудаистодаи хешро дар замоне, ки Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хатари таҳдидҳои навбаромад ҳушдор медиҳанд, якдилона таъкид намудем. Бешак,  нақши воситаҳои ахбори омма (ВАО), чӣ давлатию чӣ хусусӣ имрӯз аз ҳарвақта дида назаррас аст. Рӯзноманигорон, аз  ҷумла рӯзноманигорони ҷавон,  ки намояндагони қисми бештари аҳолии кишварамон мебошанд, бояд дар тарғиби сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ, дастурамалҳои Роҳбари давлатамон, ки ба ватандӯстӣ,  созандагӣ, омодагӣ ба  дифои Тоҷикистони соҳибистиқлол нигаронида шудаанд, саҳм гузоранд. Мо бояд ҳамеша дар  хотир дошта бошем, ки фаъолияти пурмаҳсул ва муваффақонаи ВАО ба ташаккули афкори ҷомеа мусоидат менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронияшон гуфта буданд: «Хизмати давлатӣ- ин хизмат ба Ватан-Миллат аст!».

Мо, иштирокчиёни ҳамоиши имрӯза ба  ҳамаи ҳамтоёну ҳампешагон ва ҳамқаламонамон, ба ҳамаи ҷавонони ватандӯсти Тоҷикистони соҳибистиқлол муроҷиат карда, мегӯем: «Таъкидҳои Роҳбари давлатамонро шиори кори ҳаррӯзаи худ мекунем!

Бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони зудтағйирёбанда, мо — рӯзноманигорон, бахусус ҷавонон бояд дар ҳимоят аз манфиатҳои миллию давлатӣ дар муқовимат бо маводи ғаразноку ба  обрӯи давлату миллат латмазанда ва фармоишии гурӯҳҳову ҷонибҳои манфиатдор ҳамеша ба касби худ ва давлату миллат содиқ бошем,  рисолати аслии хешро ҳамчун сарбоз дар ҳифз ва поксозии фазои иттилоотии миллӣ, ки имрӯз дар муборизаҳои сиёсию иқтисодӣ ба таври  густурда истифода мешаванд, пешгом бошем.

Ҳимоят аз Ватан-Модар,  арзишҳои миллӣ, ҳифзи марзу буми Ватан ин, пеш аз ҳама, ҳимояти марзи нангу номуси ҳар инсон аст.

Итминон дорем, ҳар як рӯзноманигори соҳибқалам,  ки арзишҳои асили милливу ватандориро фарози ҳама гуна манфиатҳои дигар мегузорад,  рисолати раҳнамоии худро ҷиҳати муттаҳид намудани ҷомеаи миллӣ алайҳи ҳама гуна хатарҳои замони муосир,  ки ба амният ва якпорчагии кишвари мо таҳдид менамоянд, равона хоҳанд кард.

ш. Душанбе, 13.12.2021с.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Декабрь 13, 2021 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст
Дар Душанбе масъалаи татбиқи марҳилаи дуюми низоми «Шаҳри бехатар» баррасӣ шуд