Нарендра Модӣ ба саммити ҷашнии СҲШ ва дигар чорабиниҳои байналмилалию минтақавӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд дод

Декабрь 21, 2021 08:51

ДУШАНБЕ, 21.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Деҳлӣ зимни  мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Муколамаи Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ ба саммити ҷашнии 20-солагии сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва дигар чорабиниҳои байналмилалию минтақавӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот доир ба ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои давлатҳо дар чаҳорчуби Муколамаи Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ ва масъалаҳои умдаи марбут ба вазъи кунунии минтақаю ҷаҳон ва дигар таҳдидҳои амниятӣ табодули афкор сурат гирифт.

Нарендра Модӣ аҳамияти рушди робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо ҳар кишвари узви Муколамаро таъкид намуда, ба саммити ҷашнии 20-солагии сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар чорабиниҳои байналмилалию минтақавӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд дод.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо дарназардошти таъсири пайомадҳои ҳамагирии COVID-19 ба иқтисодиёти кишварҳои узви Муколама, зарурати рушди ҳамкории байниминтақавӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, саноат, энергетика, нақлиёт, илму маориф, тандурустӣ ва сайёҳиро таъкид намуд. Доир ба зарурати дарёфти роҳу усулҳои нави ҳамкории муштарак дар ин соҳаҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Дар поёни мулоқот изҳори умед шуд, ки натиҷаҳои нишасти сеюми Муколама ба таҳкими баъдии ин абзор ва расидан ба ҳадафҳои дарпешистода пурсамар хоҳад буд.

АКСҲО: ВКХ ҶТ

Декабрь 21, 2021 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Австрия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти кантони Тичинои Швейтсария мулоқот намуд
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Донишгоҳи Рединг ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим муаррифӣ карда шуд
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Лондон мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо донишҷӯёни тоҷик дар Британияи Кабир мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Свердловски Русия мулоқот намуд
Дар Лондон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори идории ширкати «Wien Energy» мулоқот намуд