«ОБ — САРЧАШМАИ АСОСИИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид

Декабрь 28, 2021 14:11

ДУШАНБЕ, 28.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар ҳошияи татбиқи ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти унвони «Об — сарчашмаи асосии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳӣ, АМИТ «Ховар», вазорату идораҳо, коршиносон ва мутахассисони соҳаи об, ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимӣ, ки дар риштаи сайёҳӣ мутахассис омода менамоянд, иштирок доштанд.

Зикр гардид, ки маҳз бо талошҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон захира ва имконияти обиву сайёҳии кишвар ба таври шоиста дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ ва масъалагузорӣ карда мешаванд.

Тоҷикистон дорои неъматҳои бойи табиӣ буда, кӯҳистони он пур аз чашмаву обҳои мусаффо мебошад ва аксарияти онҳо хусусияти табобатӣ доранд. Об манбаи ҳаёт ва ҷузъи асосии рушди устувори инсонӣ ба ҳисоб рафта, дар бисёр кишварҳои олам мардум аз норасоии оби тоза ва ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Бесабаб нест, ки Сарвари давлат борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба мушкилоти вобаста ба об суханронӣ карда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамкории зич даъват намуданд.

Дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби мутахассисону коршиносони соҳаи об дар мавзӯъҳои идоракунии захираҳои обию энергетикӣ, рушди сайёҳӣ ва пиряхҳо, арзишҳои экологӣ ва нақши меҳварии онҳо, обҳои шифобахш- омили ҷалби сайёҳон маърӯзаҳо хонда шуданд.

Қабл аз ҳамоиш  намоиши аксҳо доир ба об, мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ ва табиати нотакрори Тоҷикистон доир шуд, ки иштирокдорон аз он дидан намуданд.

Дар анҷоми кори ҳамоиш миёни иштирокдорон доир ба мавзӯъҳои матраҳгашта ва ҷанбаҳои муҳими ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» ва саҳми он дар рушди соҳаи сайёҳии мамлакат мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ҳамчунин дар доираи ҳамоиши мазкур озмуни ҷумҳурияӣ барои беҳтарин очеркҳо ва мақолаҳои публисистӣ таҳти унвони «Об – гарави рушди деҳот ва сайёҳӣ», ки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» эълон намуда буданд, ҷамъбаст гардид. Дар озмун аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ олимону коршиносон ва рӯзноманигорон иштирок намуданд. Ғолибони озмун, ки аз пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе, шаҳрҳои Хоруғ, Кӯлоб ва Исфара буданд, бо диплом ва маблағҳои пулӣ, инчунин иштирокдорони фаъол бо сипоснома ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Декабрь 28, 2021 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон аъзои Кумитаи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ оид ба масъалаҳои узвият барои солҳои 2023-2027 интихоб гардид
Беш аз 20 корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон аз «UzTextile Expo Spring» боздид намуд
Масъалаи фаъол гардонидани кори Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд дар Душанбе баррасӣ карда шуд
Дар шаҳри Кӯлоб Маркази савдои «Истиқлолият» ифтитоҳ шуд
«АЗ ПАЙИ ИЗИ ДИНОЗАВРҲО». Парки табиии таърихии «Ширкент» бо бунёди инфрасохтор ба яке аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон табдил мегардад
Дар Душанбе Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Корея баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«ИСТЕҲСОЛИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти ин тамға корхонаи «Субҳи Ватан»-и Исфара содироти меваи хушкро ба роҳ мондааст
Бори аввал дар Тоҷикистон ба парвариши моҳии навъи «бестер» хоҷагии «Моҳипарварии Каёнуш»-и ноҳияи Данғара шуруъ менамояд
Дар фабрикаи ресандагии ноҳияи Мастчоҳ 500 нафар соҳиби ҷойи кор мегардад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» корхонаи истеҳсоли тамоку бунёд мегардад
Роҳсозон мавзеъҳои мушкилтарини роҳи Қалъаихумб — Ванҷ — даромадгоҳи ноҳияи Рӯшонро ҳамвор намуда, ба ҳудуди қитъаҳои 4-5-и лоиҳа дохил шуданд