ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши сусти борон дар назар аст

Декабрь 5, 2021 08:09

ДУШАНБЕ, 05.12.2021 /АМИТ “Ховар”/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, рӯзона дар шаҳри Душанбе бориши сусти борон дар назар аст, иттилоъ медиҳад  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар». 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона  0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 11-16  дараҷа  хунук, рӯзона  аз 2 дараҷа  хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши суст (борон, барф) ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд.  Шамол  аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 1+6  дараҷа гарм ва рӯзона 5+10  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук,  рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда шуда,  дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти борон ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ  мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9  метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 4+9  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар водиҳо бориши сусти борон, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориш борон ва барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 1+6 ва рӯзона  4+9  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6  дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, рӯзона дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал омада, тормеғ мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2+4 ва рӯзона 7+9 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 5, 2021 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд