Пагоҳ ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2021 муайян мегарданд

Декабрь 14, 2021 13:44

ДУШАНБЕ, 14.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Дар он гирандаи Шоҳҷоизаи озмун ва ғолибони номинаҳо муайян гардида, бо туҳфаҳои Кумитаи тадорукот, диплому ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт иттилоъ дод.

Дар даври ниҳоии озмун, ки аз 2 то 13 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, 510 нафар довталаб аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок ва ҳунарнамоӣ намуданд

Тибқи ҷадвали баргузории озмун, аз 2 то 5 декабр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, 6-7 декабр донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 7 декабр аспирантону докторантону ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ вобаста ба номинаҳои озмун иштирок намуданд.

Инчунин 8-10 декабр омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун аз рӯи номинаҳои озмун ширкат варзида, номинаи назму наср 11-12 декабр ва довталабони Шоҳҷоиза 13 декабр ҳунарнамоӣ намуданд.

Тибқи низомномаи озмун, барои дарёфти Шоҳҷоиза довталабоне метавонанд иштирок намоянд, ки дар даври ҷумҳуриявӣ аз рӯйи номинаҳои пешниҳодшуда ҷойҳои якумро сазовор гардидаанд.

Шоҳҷоиза ба иштирокчие дода мешавад, ки аз чор номина (адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти шифоҳӣ ва бачагона, адабиёти ҷаҳон) беш аз 70 фоизи осори назмию насрии тавсияшударо мутолиа ва ҳифз намудааст.

Бояд тазаккур дод, мувофиқи низомнома ғолибони даври чорум (ҷойҳои 1, 2, 3) ва барандаи Шоҳҷоиза баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаи худ, бе озмун, ба тариқи ройгон, ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар қабул карда мешаванд.

Инчунин соли равон бо супориши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми хонандагони синфҳои 11, ки дар озмун иштирок карданд, вале ҷой нагирифтанд, бо роҳхати Вазири маориф ва илм ба факултетҳои филологии донишгоҳҳои кишвар бе имтиҳон қабул карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021 миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илмӣ), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) доир мегардад.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Декабрь 14, 2021 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд