Панҷ корманди БМТ барнома оид ба сарварӣ ва гуногуншаклии фаъолияти занонро хатм намуданд
ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 нафар кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар радифи 81 нафар ҳамтоёни худ аз 28 давлати ҷаҳон муддати шаш моҳ дар барномаи «Сарварӣ ва гуногуншаклии фаъолияти занон – роҳбарони муассисаҳои танзимгари молиявӣ» тариқи онлайн-сессия таҳсил ва онро мувафаққона хатм намуда, соҳиби шаҳодатнома гардиданд. Барномаи «Сарварӣ ва гуногуншаклии фаъолияти занон – роҳбарони муассисаҳои танзимгари молиявӣ» барномаи муштараки Бонки ҷаҳонӣ ва Донишгоҳи Оксфорд буда, ҳадафаш баланд бардоштани ҷойгоҳи занони роҳбар дар пешбурди фаъолият ва идораи бонкдорӣ ва муассисаҳои танзимгари молиявӣ мебошад, хабар доданд аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Панҷ нафар хатмкунандагони Барномаи «Сарварӣ ва гуногуншаклии фаъолияти занон – роҳбарони муассисаҳои танзимгари молиявӣ» — муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода, сардори Идораи бозори молиявӣ Умеда Сатторзода, сардори шуъбаи таҳлили хавфҳо Муниса Навҷуанова, сармутахассиси Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ Зарангез Умарова ва мутахассиси пешбари Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор Вероника Мадалиева дар ҳамоише, ки дар БМТ доир гардид, донишҳои андӯхтаашонро тариқи рӯнамо муаррифӣ намуданд.
Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода зикр намуд, ки «БМТ дар ҳамбастагӣ бо шарикони рушд барои омода намудани мутахассисон ва пайваста баланд бардоштани савияи донишу малакаи кормандони роҳбарикунанда, аз ҷумла занон дар низоми бонкӣ тадбирҳои амалӣ меандешад. Барномаи мазкур барои иштирокдорон самарабахш буд ва боварии комил дорем, ки малакаю донишҳои андӯхта дар фаъолияти минбаъда натиҷаҳои пурмаҳсул дода, баҳри самаранок ба роҳ мондани фаъолияти бонувони роҳбарикунанда мусоидат менамояд».
Созмондиҳандаи Барномаи муштараки Бонки ҷаҳонӣ ва Донишгоҳи Оксфорд барои занон – роҳбарони муассисаҳои танзимгари молиявӣ ва мутахассисони ҷавон «Women’s World Banking» буда, таъмини суботи бештари иқтисодӣ, рушди зеҳнии бонувон ва фаъолнокии онҳоро дар иқтисодиёт сармоягузорӣ мекунад.
АКСҲО: Бонки миллии Тоҷикистон










ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1096 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.3000 то 10.6192 сомонӣ муқаррар шудааст
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Ҳамкории Хазинаи байналмилалии асъор ва Тоҷикистон баррасӣ гардид
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ






