Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд

Сентябрь 10, 2026 15:43

ДУШАНБЕ, 10.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Таърихи ташаккул ва рушди низоми бонкии кишвар бо раванди бунёди давлатдории муосири Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ дорад ва дар ин раванд нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳварӣ ва тақдирсоз мебошад. Чунин гуфта шуд дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон -«Маҷмаи Хуталон». Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҷамъомади тантанавӣ муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода иброз намуд, ки «Истиқлоли давлатӣ барои ҳар миллату давлат бузургтарин дастоварди миллӣ ва таҷассуми худшиносию ватандорӣ мебошад. Рушди низоми бонкии миллӣ яке аз самтҳои муҳимми бунёди давлатдории соҳибистиқлол буда, давоми 35 соли Истиқлоли давлатӣ ин низом роҳи ташаккул, ислоҳот ва навсозиро тай намуда, аз низоми навташкили солҳои аввали истиқлол ба низоми муосири молиявӣ табдил ёфт».

Ин раванд дар заминаи роҳнамоиву дастгирии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. Имрӯз низоми бонкии кишвар дорои шабакаи васеи ташкилоти қарзии молиявӣ ва механизмҳои муосири танзиму назорат мебошад. Низоме, ки дар оғози истиқлол барои ташаккули институтҳои миллии пулӣ ва бонкӣ талош мекард, имрӯз дорои низоми миллии пардохт, инфрасохтор ва механизмҳои муосири электронӣ ва назорати бонкӣ, стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва стратегияи фарогирии молиявӣ мебошад.

Пешвои миллат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар паёмҳо, мулоқотҳо ва суханрониҳо пайваста масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, нигоҳ доштани сатҳи муътадили таваррум, таҳкими низоми бонкӣ, васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, рушди қарздиҳӣ, афзоиши пардохтҳои ғайринақдӣ, ҷалби сармоя ва рақамикунонии хизматрасониҳоро ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии давлат таъкид намудаанд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода гуфт, ки вазифаи имрӯзаи Бонки миллӣ ва тамоми низоми бонкӣ аз он иборат аст, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро бо истифода аз механизмҳои муосири танзиму назорат, таҳкими суботи молиявӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо пайваста татбиқ намоянд.

Дар идомаи ҷамъомад барои хизматҳои шоиста ва саҳми арзанда дар фаъолияти касбӣ ба як зумра собиқадорон ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии кишвар мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ, аз ҷумла Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишонҳои «Аълочии Бонки миллии Тоҷикистон» ва «Нишони фахрии Бонки миллии Тоҷикистон», инчунин Ифтихорнома ва Сипосномаи Бонки миллии Тоҷикистон тақдим карда шуданд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Сентябрь 10, 2026 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст