Рустам Назарзода дар водии Рашт дар маросими савгандёкунии наваскарон иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 13.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр дар ҷараёни сафари корӣ ба водии Рашт Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода дар маросими савгандёдкунии наваскарон иштирок намуд. Мавсуф ҳамчунин бо шароити зиндагии зарардидагони заминларза дар ноҳияи Тоҷикобод шинос шуда, бинои нави паноҳгоҳ барои осебдидагони офатҳои табиии эҳтимолиро дар деҳаи дурдасти кӯҳистони шаҳри Роғун ифтитоҳ намуд, хабар доданд аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба АМИТ “Ховар”.
Рустам Назарзода сафарашро аз иштирок дар маросими савгандёдкунии наваскарон дар қисми низомии КҲФ ва МГ, воқеъ дар минтақаи Рашт, ки дар он раиси ноҳия, комиссари ҳарбӣ ва прокурори ҳарбии ноҳия, ҳамчунин волидон ва хешовандони наваскарон ҳузур доштанд, оғоз намуд.
Рустам Назарзода дар маросими тантанавӣ иброз дошт, ки “тайи беш аз бист соли охир Артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстӣ, шуҷоату мардонагӣ табдил ёфта, дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони ботаҷрибаро тарбия кардааст. Имрӯз шумо ба дастаи дӯсту тифоқи КҲФ ва МГ-и Тоҷикистон – ҳомиёни далеру ҷасур, донишманд, ки қарзи хидматӣ ва шаҳрвандии худро бошарафона иҷро мекунанд, пайвастед”.
Ҳамчунин дар доираи сафар Рустам Назарзода ҳамроҳ бо Роҳбари Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам аз ҷамоати Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод, ки бар асари заминларзаи моҳи июли соли 2021 рухдода осеб дида буд, боздид намуд.
Ҳамзамон Рустам Назарзода ва Адҳам Мусаллам бо шароити зиндагии сокинон дар хонаҳои нав шинос шуданд.
Мавриди зикр аст, ки барои сокинони осебдида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар Тоҷикистон маводи сохтмонӣ барои бунёди биноҳои истиқоматӣ ва маводи ғизоӣ кумак расонида шуд. То имрӯз 57 бинои нави истиқоматӣ мувофиқ ба меъёрҳои пазируфташудаи бинокорӣ аз нав сохта шудаанд.
Рустам Назарзода дар маросими ифтитоҳи сарпаноҳ барои осебдидагони офатҳои табиӣ, ки дар ҳудуди деҳаи кӯҳистони Калтаҳои шаҳри Роғун сохта шудааст, иштирок намуд.
Сохтмони бино бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Агентии Оғохон оид ба муҳити зист ва Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд.
Дар маросими ифтитоҳ Сарвари бахши Агентии Оғохон оид ба муҳити зист Ҳодӣ Ҳусайнӣ ширкат намуд.
Рустам Назарзода ба Ҳодӣ Ҳусайнӣ барои ин сохтмони беназир изҳори сипос намуд ва ба идомаву таҳкими ҳамкории оянда изҳори умед кард.
Сардори бахши Агентии Оғохон оид ба муҳити зист Ҳодӣ Ҳусайнӣ зикр кард, ки дар маҷмӯъ ин бахш дар доираи марҳилаи дуюми «Лоиҳаи ҳамаҷонибаи беҳбуди муҳити зист ва саломатӣ”, ки аз ҷониби Агеннтии швейтсарии рушд ва ҳамкорӣ маблағгузорӣ мешавад, барои қурбониёни офатҳои табиӣ боз чаҳор сарпаноҳ бунёд менамояд.
Ин паноҳгоҳ ҳамчун маъво барои зарардидагону осебёфтагони офатҳои табиии эҳтимолӣ хидмат хоҳад кард ва он хатари хисороти бештар ва зарар ба ҷони инсонҳоро коҳиш медиҳад. Дар ин бино, ки як хонаи муваққатист, барои осебдидагон ҳама шароити зист фароҳам оварда шудааст. Он барои зисту зиндагии муваққатии 50 нафар пешбинӣ шудааст.
АКСҲО: КҲФ ва МГ











САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?
Рафти татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 натиҷагирӣ карда шуд
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиш доир гардид
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
ИСТИҚЛОЛ ВА ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ВАТАН. Доир ба он ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
12 АВГУСТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Беш аз 1700 нафар ҷавонони Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад
Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд






