Шӯрои собиқадорони вилояти Суғд барои дар рӯҳияи садоқат ба Ватан тарбия намудани ҷавонон мақоми шоиста дорад

Декабрь 27, 2021 10:29

ДУШАНБЕ, 27.12.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, бахусус нафақагирон ва собиқадорони ҷангу меҳнат пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Ин нуктаро 25 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот иброз намуд, хабар дод корманди  хадамоти матбуоти раиси вилоят Андар Раҳмонӣ ба АМИТ «Ховар».

Раиси вилоят зикр кард, ки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан ба самти ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодии табақаҳои калонсоли ҷомеа, собиқадорони ҷангу меҳнат равона гардида, қабулу татбиқи қонуну қарор, амру супоришҳои Пешвои миллат оид ба беҳдошти сатҳи ҳифзи иҷтимоии насли калонсол, бахусус собиқадорони меҳнат исботи ин гуфтаҳост.

Раҷаббой Аҳмадзода доир ба фаъолияти Шӯрои собиқадорони вилоят гуфт, ки Шӯрои мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд фаъолият намуда, дар гиромидошт, ҳифзи иҷтимоӣ ва хизматрасонии тиббии собиқадорони ҷангу меҳнат ва  тарбияи насли наврас дар рӯҳияи садоқат ба Ватану ватандорӣ, меҳнатдӯстӣ, густариши ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ мақоми шоиста дорад.

Шӯрои собиқадорони вилоят 18 ташкилоти шаҳриву ноҳиявӣ, ташкилоти собиқадорони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Раёсати корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии вилояти Суғд ва 290 ташкилоти ибтидоии собиқадоронро муттаҳид менамояд. Бештар аз 2800 нафар фаъолон вазифаҳои ҷамъиятиро дар Шӯрои собиқадорон иҷро менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар арафаи ҷашни Ғалаба аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба иштирокчиёни ҷанг, ҳамсарони саробонашон дар xанг ҳалокшуда – 4 ҳазор сомонӣ, ба собиқадорони ақибгоҳи солҳои ҷанг 2 ҳазор сомонӣ, ҳамагӣ ба 221 нафар 502 ҳазор сомонӣ кумакпулии яквақта пардохт карда шуд. Ба ин нафарон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят низ кумакпулиҳо пардохта шуда буд.

Дар мулоқот чанд нафар собиқадорони меҳнат сухан гуфта, аз рушди босуботи кишвар ва талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, барои таваҷҷуҳ ва ғамхориҳо ба роҳбарияти давлату Ҳукумат изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дар охир ба собиқадорони ҷангу меҳнат туҳфаҳои идона супорида шуданд.

АКС: хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд

Декабрь 27, 2021 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд