Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашуд

Декабрь 1, 2021 18:54

ДУШАНБЕ, 01.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ, аз оғози бақайдгирӣ то имрӯз, 1 декабр дар кишвар 17095 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16966 шифо ёфтаанд. Инчунин, 124 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар шароити паҳншавии бо суръати бемории сироятии COVID-19 дар аксар кишварҳои сайёра дар асоси таҷрибаҳои илмӣ муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ — ин гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад.

Акс аз бойгонӣ

Декабрь 1, 2021 18:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ТУТ ДАЪВАТ КАРД, КИ ДАР МУНОСИБАТ БО КОВИД-19 ҲУШЁРӢ АЗ ДАСТ ДОДА НАШАВАД. Ситоди ҷумҳуриявӣ барои пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемикӣ дар Тоҷикистон кадом қарорро қабул намуд?
Ба Тоҷикистон 501 ҳазору 600 воя ваксинаи «AstraZeneca» ворид шуд
Ба Тоҷикистон 198 ҳазору 900 воя ваксинаи «Pfizer-BioNTech» ворид гашт
92,2 фоизи аҳолии Тоҷикистон бар зидди бемории коронавируси COVID-19 эм гирифтанд
ШУМОРАИ НАВБАТИИ БЮЛЛЕТЕНИ ИДМ ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРОНАВИРУС НАШР ГАРДИД. Дар бахши вобаста ба Тоҷикистон маводи АМИТ «Ховар» чоп шудааст
Дар Тоҷикистон тадқиқоти миллӣ оид ба масунияти аҳолӣ нисбат ба сирояти COVID-19 гузаронида мешавад
Кишварҳои ИДМ имкони эътирофи мутақобилаи шаҳодатномаҳои эмгузаронӣ бар зидди COVID-19-ро меомӯзанд
COVID-19. 89,4 фоиз шаҳрвандони Тоҷикистон ба ваксинатсия бар зидди коронавирус фаро гирифта шуданд
COVID-19: Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд
COVID-19. Теъдоди гирифторони коронавирус дар ҷаҳон аз 426 миллион нафар гузашт
СҶТ: Анҷоми пандемия метавонад то охири соли 2022 эълон шавад
Ба Тоҷикистон 501 ҳазору 200 воя ваксинаи «АстраЗенека» ворид гардид