Шералӣ Кабир бо Ноиби Президенти Ҷумҳурии Туркия дар Анқара мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 16.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр вохӯрии Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон- ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Шералӣ Кабир бо Ноиби Президенти Ҷумҳурии Туркия Фуат Октай дар шаҳри Анқара баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва имконияти рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркия, аз ҷумла дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо зарурати танзими мулоқоту музокирот ва тамосҳои сатҳи олиро дар ояндаи наздик таъкид намуда, ҷиҳати густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ иқдоми ташкили бизнес-форуми Тоҷикистон ва Туркия дар шаҳри Қунияро қобили дастгирӣ шумориданд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 16 декабр дар шаҳри Қунияи Туркия Бизнес-Форуми Тоҷикистон ва Туркия баргузор мегардад.
Бизнес-Форум дар ҳошияи сафари расмии Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ба Туркия ва иштирок дар маросими 748-солагии маросими «Шаби арӯс» (ёдбуд аз Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ) ба нақша гирифта шудааст.
Инттизор меравад, ки дар форуми мазкур намояндагони зиёда аз 150 ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистон ва Туркия, аз ҷумла саноати фармасевтӣ, саноати нассоҷӣ, молияву бонкдорӣ, маъдан, логистикӣ, истеҳсоли мошинаҳо, маҳсулоти озуқа, кишоварзӣ ва тиҷорат, инчунин вазорату идораҳои давлатии ҷонибҳо иштирок намоянд.
Ҳамзамон дар доираи Форум вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ҳарду кишвар дар формати «Соҳибкор бо соҳибкор» (B2B) баргузор хоҳад гашт.
Пешбинӣ мешавад, ки бо дарназардошти корбариҳои дар доираи Форуму вебинарҳо ва сафари ҳайатҳои тиҷоратӣ ба ду кишвар, ки қаблан давоми соли ҷорӣ амалӣ шудаанд, дар ҳошияи чорабинии мазкур баимзорасонии якчанд санади ҳамкорӣ сурат гирад.
АКСҲО: ВКХ ҶТ










Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд






