Сироҷиддини Эмомалӣ: Дар озмун ба ҳама имконияти баробар медиҳем, то фикру андешаашонро баён созанд

Декабрь 3, 2021 16:58

ДУШАНБЕ, 03.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи дуюм аст, ки даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа ҳамовозии амиқ  пайдо кардааст, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо шукӯҳи хосса ҷараён дорад.

Роҳбари аъзои ҳакамон аз номинаи адабиёти муосир, доктори илмҳои флологӣ, профессор Сироҷиддини Эмамалӣ дар суҳбат бо мо изҳор кард, ки «баргузории озмун натиҷаи хуб дод, зеро дар ду рӯзи аввал чеҳраҳои воқеан суханвару китобхонро пайдо кардем. Насли наврас асосан рӯ ба назм овардааст, дониши иштирокчиён сол аз сол хуб шуда, таваҷҷуҳи худи мардум ба озмун воқеан ҷиддӣ гардидааст». «То соати 15:30-и 3 декабр аз рӯи ин номина 27 нафарро шунидем ва ба ҳама имконият медиҳем, то фикру андешаашонро озодона баён намоянд. Баъзе камбудиҳои ҷузъӣ дар пешниҳоди рӯйхати адабиёт ё номи асарро бо муаллиф омехта кардан ҷой доранд, вале гумон мекунам, ин чандон ташвишовар нест. Мо кӯшиш мекунем бачаҳо бо хурсандӣ ва хотироти нек аз назари мо гузаранд»,- афзуд Сироҷиддини Эмомалӣ.

Декани факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Илоҳомиддин Неъматов ду гулдухтарашро, ки ба даври ниҳоии озмун  роҳ ёфтаанд, ҳамроҳӣ мекард. Духтарон Мунира ва Таманно яке дар номинаи адабиёти муосир, дигаре дар номинаи адабиёти бачагона ширкат доранд. Мавсуф дар суҳбат бо мо аз сиёсати Пешвои миллат дар тарғиби китобу китобхонӣ ёдовар шуда, изҳор  дошт, ки «воқеан Президенти мамлакат на танҳо китобу китобхониро ташвиқ месозанд, балки ҷиҳати ҳавасмандии аҳли ҷомеа барои китобхонӣ ва рушди илм маблағҳои бузургеро ҷудо месозанд, ки ҳадаф соҳибмаърифатнамоии ҷомеа мебошад».

«Бароям мояи ифтихор аст, ки ду фарзандам дар даври ҷумҳуриявии озмун иштирок доранд, ҳамин чанд лаҳза пеш духтари хурдиям Мунира Неъматова дар номинаи адабиёти муосир иштирок кард. Ростӣ хеле эҳсосоти баланд доштам, чун фарзанд, мағзи ҷон аст, рушду муваффақияташ қалбатро таскин бахшида, рӯҳияатро болида месозад. Хушбахтона, баромадаш дар назди ҳакамон хуб буд. Албатта, орзу кардан айб нест, орзумандам, ки фарзандони ман  сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва барои оилаҳои дигари тоҷик намуна мегарданд», -гуфт Илоҳомиддин Неъматов.

Мунира Неъматова баъд аз баромадаш назди доварон изҳор дошт, ки аз баргузории озмун ва муносибати доварон хеле розист ва иштирок дар чунин озмунҳо дар роҳи минбаъдаи ҳаёташ таъсири нек дорад. Мунира хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49 шаҳри Ваҳдат мебошад.  Ӯ мегӯяд, ки тибқи низомнома 30 роман, 30 повест, садҳо ғазалу  рубоӣ, дубайтиҳо,  очерк, ёддошт ва  даҳҳо китоби муҳимро, ба монанди «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров мутолиа кардааст. Мунира мегӯяд, ки аз ҳаҷми китобҳои мутолиакардааш розӣ нест ва ният дорад то соли оянда хониши китобро бештар намояд, зеро маҳз баргузории ин озмун ӯро ба ин кор ҳидоят намудааст.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон то 14 декабр идома ёфта, ғолибон аз рӯйи панҷ номина 15 декабр тавассути барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ эълон ва бо ҷоизаҳои кумитаи тодурукот қадрдонӣ мешаванд.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 3, 2021 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Дар Бадахшон 70 нафар ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт