Сокинони Ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ соҳиби майдончаи варзишӣ мегарданд

Декабрь 29, 2021 08:35

ДУШАНБЕ, 29.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Моҳҳои аввали соли 2022 дар Ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеи вилояти Хатлон бо ташаббуси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон майдончаи варзишӣ барои бозии футбол ба истифода дода мешавад, ки ҳадафи он тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш миёни наврасону ҷавонон мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон хабар доданд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти варзишӣ, ки дар асоси тендер аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ ба роҳ монда шудаанд, моҳи сентябри соли равон оғоз гардида, 90 дарсади он бо сатҳу сифати баланд ба сомон расидаанд.

Майдонча дар асоси лоиҳа бо усули муосири меъморӣ дар масоҳати зиёда аз 900 метри мураббаъ сохта мешавад.

Иқдоми мазкур  ба ташвиқу тарғиби ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш дар Тоҷикистон заминаи устувор фароҳам оварда, дар ташаккули ҷисмонию маънавии насли наврасу ҷавон нақши назаррас хоҳад гузошт.

Аҳолии Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ қариб 10 ҳазор нафар буда, аз ин теъдод 35-40%-ро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин бо ташаббуси ҶҲАТ соли равон дар Ҷамоати деҳоти Мирзоалӣ Вайсови ноҳияи мазкур муассисаи таҳсилоти умумии №28 мутобиқ ба талаботи муосир таъмир гардида, мавриди истифода қарор дода шуд.

Мактаби мазкур соли 1990 бунёд шуда, аз 2 ошёна, утоқҳои роҳбарият, 22 синфхона, озмоишгоҳ ва китобхона иборат мебошад ва дар он 1351 нафар хонанда дар ду баст таҳсил менамоянд.

Инчунин аз ҷониби ҶҲАТ чоҳи амудии шафати муассисаи таҳсилоти умумии №28 таъмир гардид, ки муассисаи мазкур ва зиёда аз 250 хоҷагии ҷамоатро бо оби нушокӣ таъмин менамояд.


АКСҲО: Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

Декабрь 29, 2021 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид