ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, ҷумъа, 344-умин рӯзи соли 2021 аст

Декабрь 10, 2021 08:00

10 декабри соли  1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

***

10 сол пеш, 10 декабри соли 2010 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки 9 декабр дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як рӯйдоди муҳими таърихӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар ҷаласаи Шӯрои генералии Созмони ҷаҳонии савдо, ки дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария баргузор гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба узвияти Созмони ҷаҳонии савдо пазируфта шуд.

10 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии футбол.

***

Дар Тайланд – Рӯзи Конститутсия.

РӮЙДОДҲО:

10 декабри соли 2017 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба имзо расид.

***

7 сол пеш, 10 декабри соли 2013 дар бинои Барномаи рушди СММ, воқеъ дар шаҳри Душанбе маросими ба имзо расонидани созишномаҳои Барнома оид ба волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ баргузор шуд.

***

82 сол муқаддам, 10 декабри соли 1939  дар Франсия дар рӯзҳои душанбе, сешанбе ва ҷумъа ба фурӯш баровардани гӯшт манъ карда шуд.

***

10 декабри соли 1945 ИМА барои таъсис додани қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк розигӣ дод.

***

Дар ин рӯзи соли 1948 Ассамблеяи Генералии СММ Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро қабул намуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2014 вакилони Маҷлиси намояндагон Созишнома дар бораи принсипҳои асосии ҳамкории  байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати  муштараки «Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd»-ро ба тасвиб расониданд.

Декабрь 10, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш