ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, панҷшанбе, 357-умин рӯзи соли 2021 аст
23 декабри соли 2010 дар шаҳри Истанбули Туркия бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳои аъзо ҳамоиши 11–уми сарони Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) баргузор гардид.
***
5 сол пеш, 23 декабри соли 2016 ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи Дабири вақти кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ба муносибати бо иттифоқи оро қабул шудани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, номаи табрикӣ ворид гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли 2016 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2017 муайян карда шуданд.
23 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Япония –Рӯзи мавлуди император.
***
Дар Шветсия иди миллӣ- Рӯзи таваллуди Маликаи Силвия.
РӮЙДОДҲО:
23 декабри соли 2009 дар шаҳри Душанбе бахшида ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон гардидани соли 2010 вохӯрии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони илму маорифи мамлакат баргузор гардид.
***
23 декабри соли 2008 дар иҷлосияи панҷуми палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, даъвати панҷум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи таърихи қарз» қабул карда шуд.
***
5 сол қабл, 23 декабри соли 2016 дар шаҳри Душанбе бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии таъсиси ИДМ Форуми «Гуфтугӯи миллатҳо-гуфтугӯи тамаддунҳо» доир шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1953 дар Иттиҳоди Шӯравӣ нишони сарисинагии «Аълочии милитсия» таъсис ёфт.
***
23 декабри соли 1972 бар асари заминларза пойтахти Никарагуа – Манагуа хароб гардида, зиёда аз 10 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1947 нахустин транзистори қувватфизо (асбоби нимноқилӣ барои тақвият, табдил ва ҳосил кардани сигналҳои электрикӣ) сохта шуд.