Тоҷикистон якумин Тафсири сиёсати савдои худро дар назди Созмони ҷаҳонии савдо муаррифӣ намуд

Декабрь 8, 2021 10:18

ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 6-8 декабр  ҷаласаҳои якумин Тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони ҷаҳонии савдо (СҶС) дар шаҳри Женеваи Швейтсария бо иштироки ҳайати расмии кишвар зери роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва намояндагони 164 кишвари аъзо баргузор гардиданд.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, З. Завқизода зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвияти иқтидори содиротӣ, диверсификатсияи содирот ва содагардонии расмиёти савдоро самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати кишвар дар соҳаи савдо муайян намуданд.

Ҳамзамон З. Завқизода баён дошт, ки баъди узвият дар СҶС дар натиҷаи андешидани тадбирҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ сарфи назар аз таъсири пайомадҳои омилҳои берунӣ вобаста ба буҳронҳои иқтисодию молиявӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, таҳримҳои иқтисодии баъзе давлатҳо ва паҳншавии пандемияи COVID-19 дар ҷаҳон ҳаҷми содирот ду маротиба, номгӯи молҳои содиротӣ 1,8 маротиба, истеҳсоли молҳои саноатӣ 2,1 маротиба ва кишоварзӣ 1,3 маротиба афзоиш ёфта, нахустин бор дар таҷрибаи кишвар Равзанаи ягона оид ба содагардонии амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ, инчунин Портали савдои Тоҷикистон ҷорӣ карда шуд.

Роҳбари ҳайати расмии мамлакат вобаста ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодии кишвар давоми қариб 9 соли узвият дар СҶС маълумоти муфассал пешниҳод карда, ба зиёда аз 156 саволҳо ва изҳороти кишварҳои аъзо, аз ҷумла Федератсияи Русия, ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Чин, Канада, Ҳиндустон, Исландия, Сингапур, Аргентина, Украина, Доминикан, Туркия ва Қазоқистон посух дод.

Раисикунандаи ҷаласаҳо Сафири Ботсвана дар назди СҶС ва муҳокимакунандаи (дискаснт) якумин Тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷаласаҳо Сафири Корея Таеҳо Ли дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти савдо, бахусус содагардонии расмиёти савдо ва фаъолият дар чаҳорчӯбаи ин созмони байналмилалӣ баланд арзёбӣ намуда, зикр карданд, ки Тоҷикистон дар давраи узвият дар СҶС дар ташаббусҳои глобалии савдо фаъолона иштирок карда, рушди миёнасолонаи иқтисодиро дар ин давра 7 фоиз ва рушди миёнасолонаи савдоро 10% таъмин намуд.

Намояндагони кишварҳои аъзо, аз қабили Федератсияи Русия, ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Чин, Ҳиндустон, Туркия, Сингапур, Аргентина, Канада, Казоқистон, Исландия, Украина ва Доминикан дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар 30 соли истиқлолият, бахусус давоми қариб 9 соли узвият дар СҶС натиҷабахш арзёбӣ намуда, иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистонро дар назди СҶС тавсиф карданд.

Дар охир кишварҳои аъзо ба Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи савдо ва иштирок дар низоми байналмилалии савдо мувафаққият ва барор орзу намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдо

Декабрь 8, 2021 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар шаш моҳ қариб 8 миллиард сомонӣ иҷро шуд
Тоҷикистон ва Муғулистон дар самти пешбурди содирот ва ҷалби сармоягузорӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Соҳибкор аз Тоҷикистон Шарифбек Давлатов дар Муғулистон бо медали фахрии «Роҳи Абрешим» қадрдонӣ гардид
Барои соли таҳсили 2026–2027 тибқи квотаи президентӣ 1670 ҷой ҷудо карда шуд
Дар Ишкошим ‎ зеристгоҳи барқии 110/35 кВ-и «Қозидеҳ» ба истифода дода мешавад
Байни Тоҷикистон ва Муғулистон Харитаи роҳ ба имзо расид
Барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил сохтори нав таъсис дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2026 ба зиёда аз 6 миллиард доллар баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби Палатаи ҳисоб беш аз 202 миллион сомонӣ вайронкунии қоидаҳои молиявӣ барқарор карда шуд
Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Муғулистон баргузор гардид
Дар шаш моҳи соли 2026 дар соҳаи саноати Тоҷикистон 1160 ҷойи нави кор таъсис ёфтааст
Дар Улан-Батор ҷаласаи нахустини Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Муғулистон баргузор шуд