Вазири корҳои хориҷии АМА Абдуллоҳ ибни Зоид Ал Наҳайён дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2020» аз павилиони Тоҷикистон боздид намуд
ДУШАНБЕ, 15.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Абдуллоҳ ибни Зоид Ал Наҳайён аз павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд. Дар ин бора муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Одил Сангов аз Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.
14 декабр Вазири корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ /АМА/ Абдуллоҳ ибни Зоид Ал Наҳайён ва ҳамроҳонаш аз павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2020» дар Дубай дидан намуданд.
Дар павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмононро директори павилиони Тоҷикистон Одил Сангов ва ҳайати кормандон пешвоз гирифтанд. Вазири корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бо павилион, ки дар заминаи ташаббусҳои ҷаҳонии обии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзӯи «Об барои рушди устувор» омода карда шуда буд, шинос шуд.
Дар ҷараёни боздид меҳмонон бо иқтидори саноатӣ, намунаҳои молу маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон, имконияти сармоягузорӣ, ҳайвоноти нодир, иқтидори сайёҳӣ, таъриху фарҳанги Тоҷикистон ва дастовардҳои кишвар дар солҳои истиқлолият шинос шуданд.
Ҷаноби Абдуллоҳ ибни Зоид Оли Наҳайён зимни шиносоӣ бо Намоишгоҳи Тоҷикистон таваҷҷуҳи худро ба нигораҳои ҳайвоноти нодири кишвар, ки бо дастгирӣ ва тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист ва ҳайвоноти нодир андешида шуда, ба зиёдшавии саршумори онҳо мусоидат намуд, равона сохт. Ҷаноби Абдуллоҳ ибни Зайд иброз кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чунин иқтидори ғании гидроэнергетикӣ тамоми имкониятро доро мебошад ва дар оянда бузургтарин содиркунандаи неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар минтақа хоҳад гардид.
Дар бахши саноати сабук дар павилион меҳмонон ба либосҳои миллӣ, ки аз ҷониби тарроҳони маъруфи тоҷик, бахусус «Чакан», ки таърихи бостонӣ дорад ва ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО шомил шудааст, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Бояд гуфт, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО — 2020» зиёда аз 50 нафар иштирокчиён аз вазорату идораҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, дастовардҳо, намунаи маҳсулот, имконияти ҳамкорӣ ва иқтидори худро дар соҳаҳои гидроэнергетика, захираҳои обӣ, саноати сабук, саноати хўрокворӣ, кўҳкорӣ, роҳсозӣ, шаҳрсозӣ, ҳайвонҳои нодир, фарҳанг, маориф, таърих, гиёҳҳои коркардашудаи шифобахш, ҳунарҳои мардумӣ, сайёҳӣ ва ғ. муаррифӣ намуданд. Мавод ҳамчун расмҳои калонҳаҷм, амсила, видеофилмҳо, намунаҳои маҳсулот, маълумотномаҳо ва маводи иттилоотӣ дар шакли коғазӣ ва электронӣ барои муаррифӣ пешниҳод карда шудаанд.
Тибқи маълумоте, ки аз ҷониби ташкилкунандагони намоишгоҳ паҳн шудааст, қисми зиёди меҳмононе, ки аз Намоишгоҳи «ЭКСПО -2020» дар Дубай боздид менамоянд, шаҳрвандони Ҳиндустон, Олмон, Фаронса, Арабистони Саудӣ ва Британияи Кабир мебошанд. То имрӯз намояндагони 185 кишвар аз намоишгоҳ дидан кардаанд.
Аз павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2020» дар Дубай рӯзҳои одӣ зиёда аз 3 ҳазор одам дидан карда, рӯзҳои истироҳатӣ зиёда аз 9 ҳазор нафар дидан мекунанд.
Тибқи маълумот, то 1 декабр 200 ҳазор нафар павилиони Тоҷикистонро тамошо кардаанд.
Намоишгоҳи умумиҷаҳонии ЭКСПО чорабинии муҳими байналмилалӣ буда, дорои таърихи бой мебошад ва дар кишварҳои гуногун аз соли 1851 инҷониб гузаронида мешавад. Айни ҳол ЭКСПО барои кишварҳои иштирокчӣ на фақат макону фурсати муаррифии навгониҳои технологию техникӣ, балки имконияти хуб барои муаррифии иқтидорҳои сайёҳӣ мебошад.
Шахлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: ПССТ










«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст






