Зубайдулло Давлатов, коршиноси масоили сиёсӣ: Паёми навбатии Пешвои миллат фарогири як пешниҳод, як нақшаи чорабиниҳо, як барнома, ду стратегия, ду консепсия ва даҳ супориш аст
ДУШАНБЕ, 24.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 декабр Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа гардид. Паёмгузории сарварони давлатҳо таърихи худро дорад. Паёмгузорӣ ҳанӯз дар асри XIII дар Англия шурӯъ шуда буд. Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар ИМА низ ин анъана ба расмият даромад. Бори аввал дар ИМА Президенти вақти кишвар Ҷорҷ Вашингтон соли 1790 паёми худро ба Конгресс ироа намуда буд. Баъдҳо дар давлатҳои ҷаҳон паёмгузорӣ ҳамчун барномаи рушди самтҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, амалкардҳои давлат, ҳадафу вазифаҳои нави он барои марҳилаи баъдӣ роиҷ гардид.
Коршиноси масоили сиёсӣ, сардори Раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло ДАВЛАТОВ зимни таҳлили Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ бардоштҳои хешро пешниҳоди хонандагони сомона намудааст. Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф манзур мешаванд.
-Паём нахуст моҳияти маълумотию ҳисоботӣ дорад. Як навъ ҳисоботи роҳбари давлат ба шаҳрвандони мамлакат маҳсуб мешавад ва бозгӯи моҳияти демократӣ доштани низоми идорӣ мебошад. Агар ба паёмҳои ироашудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назари таҳқиқ нигарем, ба хубӣ дарк хоҳем кард, ки дар онҳо паҳлуҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, вазъият ва рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, таҳлили сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёту илму фарҳанг, таъмини амният ва бисёр дигар масъалаҳои рӯзмарра таҳлили амиқи худро ёфтаанд.
Маъмулан паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳлили ҳаматарафаи сиёсати хориҷии мамлакат, тавозуни геополитикии ҷаҳон, низоми арзишҳою ормонҳоро фарогир аст. Зимни он нигоҳи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба рӯйдодҳои байналмилалӣ, мавқеи ҷумҳурӣ нисбат ба онҳо, муносибат ба созмонҳою кишварҳо муайян мегардад ва ин гувоҳи санади дорои аҳамияти дипломатӣ будани Паём мебошад.
Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегиранд. Чӣ дар назарияи сиёсатшиносӣ ва чӣ дар амалияи давлатдорӣ Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад баҳри рушди минбаъдаи ҷомеа ва давлат саҳм гузорад. Беҳуда нест, ки аз миёни суханрониҳои гуногуни Роҳбари давлат Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми муҳим дошта, ба рушди ҳамасамтаи давлат таъсири бевоситаи мусбат мерасонад.
Анъанаи паёмгузорӣ мақоми ҳуқуқиро соҳиб буда, дар моддаи 70 – и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки Президент «… дар бораи вазъи кишвар ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон маълумот медиҳад…». Бо эътимод гуфта метавонем, ки Паёми Сарвари давлат абзори муҳими давлатдорист. Шояд на ҳама шаҳрвандон донанд, ки вазифагузорӣ ва нишондиҳандаҳои Паём барои ҳокимияти иҷроия ҳатмӣ буда, барои ҳокимияти қонунгузор эътибори тавсиявӣ доранд.
Паёми навбатии Президенти Тоҷикистон аз Паёми соли гузашта ва паёмҳои пешин бо вижагиҳои худ фарқ дорад:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олӣ дар шароити бисёр мураккаби байналмилалӣ ва минтақавӣ ироа гардид.
Давлатҳои абарқудрат аз имконияти иқтисодию молиявӣ ва ҳарбии худ истифода намуда, ба раванди тақсимоти нави ҷаҳон шурӯъ намудаанд. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон- Шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ, Осиё нуқтаҳои нооромию носуботӣ ба вуҷуд омадаанд, ки натиҷаи сиёсати манфиатмеҳвари абарқудратҳоянд.
Паёми Президенти мамлакат ба вазъияти ноорому буҳронии Афғонистон рост омад. Ин вазъият ба суботу амнияти минтақа таъсиргузор аст. Аз ин ҷост, ки дар Паёми нави Президенти кишвар масъалаи Афғонистон мавқеи муҳим дошт.
Хусусияти дигари Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он зоҳир мешавад, ки он дар вазъияти хуруҷи бемории COVID – 19 дар кишварҳои Аврупою Африқо, Осиёю Амрико ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид. Ҳарчанд, хушбахтона, ин бемории ҳамагир дар ватани мо нест, аммо маҳдуд гардидани муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон таъсири манфии худро расонид.
Дар Паём (21.12.2021) дастовардҳои сӣ соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ ва таҳлили худро ёфтаанд. Ба қавли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «…бояд гуфт, ки расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ва бо ҳамин роҳ аз хатари нобудӣ наҷот додани давлати тоҷикон ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик дастоварди бузургтарини таърихи мо дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки ба он маҳз ба шарофати дастгириву пуштибонии самимонаи мардуми шарифи Тоҷикистон муваффақ гардидем».
Паёми навбатӣ аз ҷиҳати вақт (муҳлат, замон) фарогир буд. Пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълони солҳои 2022 – 2026 солҳои рушди саноат, зарурати қабули «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», таҳияи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023 – 2030» ба ин гувоҳ аст.
Ба фарқ аз паёмҳои пешин дар Паёми нав (21.12.2021) Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи Афғонистон бештар таваҷҷуҳ намуданд.
Дар Паёми Пешвои миллат 22 сархат масъалаи мавқею муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбат ба Афғонистони ҳамсоя дар бар мегирад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз ҷумла чунин гуфтанд: «Зиёда аз бист сол мешавад, ки Тоҷикистон аз минбарҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон ҷалб менамояд».
Ҷои дигар Президенти Тоҷикистон таъкид менамоянд: «Мо ҳамеша ҷонибдори он ҳастем, ки дар кишварҳои ҳамсояи мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмфармо бошад ва мо тавонем, ки бо онҳо дар фазои ҳамсоягии нек ва ҳамкории созанда зиндагӣ кунем».
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» вижагиҳои дигар низ дорад. Он як пешниҳод, як нақшаи чорабиниҳо, як барнома, ду стратегия, ду консепсия ва даҳ супоришро фарогир аст:
-Пешҳниҳоди эълони соҳои 2022 – 2026 «Солҳои рушди саноат»
-Нақшаи чорабиниҳо барои истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва солҳои рушди саноат
-Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023 – 2030
-Стратегияи рушди «иқтисоди сабз»дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
-Таҳияи Стратегияи миллии «зеҳни сунъӣ»
-Таҳияи «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»
-Таҳияи лоиҳаи «Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ»
-Супориш ба Бонки миллӣ, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва дигар ташкилоти қарзӣ дар бораи дар панҷ соли оянда ҷиҳати ҳамасола афзоиш додани ҳаҷми қарзҳо ва дар соли 2036 ба 30 миллиард сомонӣ расонидани ҳаҷми қарздиҳӣ.
-Супориш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳия ва васеъ истифода намудани технологияҳои муосир дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди мамлакат- Стратегияи миллии ”зеҳни сунъӣ»
-Супориш ба Вазорати маориф ва илм барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳида.
-Супориш ба Вазорати маориф ва илм дар бораи таҳияи лоиҳаи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ.
-Супориш бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то ба 30 фоиз расонидани шумораи хизматчиёни давлатӣ ва то ба 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд дар муҳлати се моҳ таҳия намудан ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намудани «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023 – 2030».
-Супориш ба Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон ва дигар мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда дар бораи таҳлили мунтазами қонунгузорӣ, мониторинги амалишавии санадҳои қонунгузорӣ, муайян намудани сатҳи мутобиқати қонунгузории мамлакат ба ҳадафҳои сиёсии пешбинигардида, андешидани тадбирҳои судманд оид ба такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии раванди татбиқи ҳуқуқ.
-Супориш ба Прокуратураи генералӣ дар бораи назорати риоя ва иҷро гардидани қонунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз мансубият ва шакли моликият, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон.
-Супориш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои мунтазам беҳтар кардани шароити хизмат ва зиндагии афсарону сарбозон, аз лиҳози техникиву таҷҳизот навсозӣ кардани Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан Қӯшунҳои сарҳадӣ, ташкили дурусти ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, бо лавозимоту таҷҳизот таъмин кардан, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омодабошии онҳо.
-Супориш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дар доираи имкон расонидани кумаки башардӯстона ба мардуми бародари Афғонистон.
-Супориш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар бораи дар муддати шаш моҳ таҳия кардани нақшаи чорабиниҳо барои истиқболи сазовори 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Солҳои рушди саноат.
Таҷрибаи давлатдорӣ собит намудааст, ки барои ташаккули давлат ва самаранок давлатдорӣ намудан паёмҳои роҳбарон дорои аҳамияти муҳим мебошанд. Имрӯз дар ҷаҳон роҳбарони давлатҳо ҳамасола паёмҳои худро ироа менамоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳуҷҷати муҳими дорои аҳамияти стратегӣ ба таъмини рушди устувори кишвар мусоидат менамояд. Вақте ки паёмҳои Президенти мамлакатро бо назари таҳқиқ мехонед, таваҷҷуҳ ва самимияти хосса ба рушду бақои давлату миллатро эҳсос менамоед.
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили печидаи ҷаҳони муосир нақши созанда ва саҳми шоиста гузошта, ба афзудани обрӯ ва нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат менамоянд. Паёмҳо гувоҳи онанд, ки дастуру супоришҳо ва талошҳои Сарвари давлат, пеш аз ҳама, ба хотири ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои ҷумҳурӣ равона гардида, чун таҳкимбахши иқтидори сиёсӣ – иқтисодии кишвар, барои таъмини шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯи Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон нақши басо муҳим мебозанд. Бешубҳа, ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки тамоми қувваю ғайрати хешро ба амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳое, ки аз паёмҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, равона намуда, барои ободию шукуфоии Тоҷикистон, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва таҳкими давлатдории миллӣ саъй намуда, сулҳу амнияти Ватанамонро таҳким бахшем.
Имрӯзҳо андозаву миқёси хатарҳои бузурги умумибашарӣ ба ҷойи кам шудан бештар тавсеа ёфта истодаанд. Ин хатарҳо ба афзоиш ёфтани истеҳсол ва ихтирои яроқи ядроӣ ва дигар воситаҳои қатли ом – таҷҳизоти радиоактивӣ, биологӣ, химиявӣ, хатари афзудани муноқишаҳои минтақавӣ дар заминаи ихтилофоти динию мазҳабӣ, зиддияти қавмию нажодӣ, тамоюлҳои идеологӣ, талошҳои ошкору ниҳон барои ба даст овардани захираҳои сӯзишворию ашёи хом ва тақсимоти нави бозори ҷаҳонӣ, мавқеи устувори минтақавӣ ва умумиҷаҳонӣ пайдо кардани терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи яроқ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, унсурҳои нави хатари умумибашарӣ дар заминаи дастовардҳои навтарини соҳаи компютерӣ ва технологияи алоқаву коммуникатсия рабт доранд.
Ҳадафҳои ҷаҳонгирӣ ва кишваркушоиҳои абарқудратҳои имрӯза бештар зери ниқоби кумакҳои молиявӣ, ёриҳои башардӯстона, маблағгузорӣ баҳри сохтмони инфрасохторҳои иқтисодӣ сурат мегиранд. Абарқудратҳо хеле устокорона дар қитъаҳои Осиё, Африқо ва Аврупо давлатҳоро ба доираи бозиҳои ғаразнок кашида, раванди муътадили ҳаётро барҳам мезананд.
Аз мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеояд, ки аҳли башар бояд сайёраи Заминро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд. Мо танҳо як замин, як маъвои ҳастӣ ва як гаҳвораи ҳаёт дорем. Бо назардошти гуфтаҳои боло Тоҷикистон бояд дар низоми нави ташаккулёбандаи муносибатҳо мавқеи ба худ муносибро ишғол намояд. Зеро Тоҷикистон ҳам аз нигоҳи мавқеи ҷуғрофӣ ва ҳам аз лиҳози геополитикӣ дар чорсӯи бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат ва низоми мухталифи сиёсию идеологӣ қарор дорад.
Бояд ҳамеша дар мадди назар дошта бошем, ки башарият имрӯз дар дуроҳаи интихоб қарор дорад: ё ҳаёт ё мамот. Ҳанӯз дар аввали асри гузашта иборае чун рамзи ихтилоф ва ҷудоиандозӣ миёни халқҳо ва кишварҳо пайдо шуда буд, ки Ғарб Ғарб асту Шарқ Шарқ ва онҳо ҳаргиз ба ҳам намеоянд.
Раванди ҳодисоти ҷаҳон ва ҳифзи неъмати бузургтарини башар, яъне ҳаёт тамоми сокинони сайёраро водор месозад, ки ин ақидаро ботил созанд ва бо иқдомҳои оқилона собит намоянд, ки Замин гаҳвора ва арсаи камоли аҳли башар аст ва масъулияти ҳифзи ҳаёт дар сайёра ба дӯши ҳама баробар қарор дорад.
Дар бораи дастовардҳои иқтисодии мамлакат суханронӣ намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000 то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд».
Аз ин бармеояд, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфтааст. Дар ин давра дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш пайдо кард.
Дар бист соли охир 138 ҳазор гектар, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба 1 миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо карда шуд. Аз ин бармеояд, ки 8 миллиону 800 ҳазор нафар аҳолии кишвар имконият пайдо карданд, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намоянд.
Баҳри таъмини ҳамлу нақли мунтазами молу маҳсулот миёни минтақаҳои кишвар, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан ба истифода дода шуданд. Дар натиҷа соли 2017 Тоҷикистон ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ ноил шуда, кишвари сепорча ба қаламрави воҳид табдил ёфт.
Дар Паёми Пешвои миллат ба рушди маориф диққати ҷиддӣ дода шудааст. Зикр гардид, ки дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳоло шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Тоҷикистон ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст.
Барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегии мамлакат, яъне саноатикунонии босуръат солҳои 2022 – 2026 аз ҷониби Пешвои миллат солҳои рушди саноат эълон гардиданд. Соҳаи саноат дар рушди мамлакат аҳамияти калон дорад ва ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ мусоидат менамояд.
Иҷрои супоришу пешниҳодҳои дар Паёми Президенти Тоҷикистон таъкидшуда сатҳи зиндагии шаҳрвандони кишварро беҳтар мегардонад, ба таҳкими истиқлолияти давлатӣ мусоидат намуда, рушди минбаъдаи Ватани азизамонро таъмин менамояд.
АКСҲО: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»