«35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ». Таҳти ин унвон нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳия гардида истодааст
ДУШАНБЕ, 13.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 12 январ дар ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2021 иброз доштанд, ки «дар Паёми навбатии Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки то соли 2026, яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои ободониву созандагӣ дар тамоми кишвар вусъат дода шаванд. Ба хотири иҷрои супориши Пешвои миллат мо нақша дорем, ки дар панҷ соли оянда шумораи ҷойҳои нави кориро ба 250 ҳазор расонем».
Рустами Эмомалӣ ҳамчунин таъкид намуданд, ки ин ҳидоят мо ва сокинони масъулиятшиноси пойтахтро водор месозад, ки тамоми саъю кӯшишро ҷиҳати боз ҳам ободу зебо намудани пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ барои аҳолӣ равона созем.
Дар ин робита, ба муовини якум ва муовинон якҷо бо сохторҳои дахлдори Раиси шаҳр супориш дода шуд, ки дар муддати ду моҳ нақшаи чорабиниҳои «35-солагии Истиқлолияти давлатӣ»-ро бо баррасии ҳамаҷонибаи захираву имконияти мавҷуда ва ҷалби соҳибкорон ва шахсони ташаббускору эҳсонкор таҳия карда, барои тасдиқ ва иҷро пешниҳод намоянд.
Дар ҷаласаи мазкур Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мавриди ба талаботи шаҳрсозӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахт таъкид намуданд, ки иншооту биноҳои шаҳр бояд бо усули замонавӣ ва бо дарназардошти санъати баланди меъмории миллӣ, зебо ва бо сифати баланд бунёд карда шаванд, то ба наслҳои оянда садсолаҳо хизмат расонанд.
— Дар ин робита кори комиссияҳои қабули давлатии иншооту биноҳо беҳбудиро тақозо менамояд, зеро аксар вақт биноҳо бе инобати роҳҳои зарурӣ, майдончаҳои бозии кӯдакон, шароит барои маъюбон, таваққуфгоҳҳо бунёд карда мешаванд. Вобаста ба ин, ба муовини якум ва сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳо андешанд, — супориш доданд Раиси шаҳр.








Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд






